Сӣ Ҷинпин ба Чин ваъдаи "эҳёи бузург" дод

Сӣ Ҷинпин

Раҳбари нави Чин Сӣ Ҷинпин ваъда дод, ки раёсаташро барои «эҳёи бузурги миллати Чин» ва «кори бузурги сотсиализми чиноӣ» сарф хоҳад кард.
Сӣ Ҷинпин рӯзи панҷшанбе расман ба курсии раёсати пурҷамъияттарин кишвари дунё нишаст. Ӯ рӯзи 17 март дар нахустин паёмаш ба сифати раҳбари Чин дар Пекин ба аҳли иҷлоси пушти дарҳои бастаи Кунгураи миллӣ – парлумони ин кишвар, гуфт, агар Чин дар фикри таҳияи зиндагии хубтаре барои 1, 3 миллиард аҳолиаш бошад, «наметавонад заррае ором бигирад» ё ҳатто ба «андаке сустӣ дар кори худ» роҳ бидиҳад.

Сӣ Ҷинпин афзуд: «Мо бояд ба таври доим манфиатҳои аслии мардумро фаҳмему ҳимоят кунем ва пеш барем, мо бояд кулли кишварро пеш барем ва меваҳои пешрафтро ба як шеваи одилонатар дар ихтиёри тамоми мардум гузорем. Бар пояи рушди минбаъдаи иқтисоду ҷомиа, мо ваз роҳи шукуфоии ҷамъият пеш хоҳем рафт.»

Чин ва фасод

Як мавзӯъе ки дар солҳои поёнии раёсати Ҳу Ҷинтао - раҳбари собиқи Чин - доғ шуд, фасод буд ва мавридҳои ошкоршуда нишон дод, ки ин мараз ба зинаҳои хеле баланди давлати коммунистии Чин роҳ ёфтааст. Сӣ Ҷинпин дар паёмаш бар зарурати мубориза бо фасод низ таъкид кард: «Мо сароҳатан мухолифи расмиятбозиву девонсолорӣ ҳастем, сароҳатан зидди дунёпарастиву зиёдаравием ва набардb қотеъона барои маҳви фасодро идома медиҳем. Мо арзишҳои сиёсии хоси аъзои ҳизби коммунистро мепазирем ва қасам мехӯрем, ки барои кори ҳизб ва мардум мубориза хоҳем бурд.»


Лӣ Кекианг

Сарвазири нави Чин Лӣ Кекианг, ки рӯзи якшанбе бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, ваъда дод, ки ислоҳоти иқтисодиро суръат дода, Чинро дар роҳи рушди босуръат нигоҳ хоҳад дошт. Лӣ гуфт, ҳукумати ӯ қасд дорад, шумори ходимони давлатӣ ва хароҷоти мақомотро кам кунад. Ӯ гуфт: «Хароҷоти ташрифотӣ, пули сафарҳои хориҷӣ барои анҷоми корҳои хидматӣ ва харидори мошинҳои хидматӣ коҳиш хоҳанд ёфт, на афзоиш.»

Ҳадафи давлати Чин то соли 2020 дастикам ду маротиба афзудани маҷмӯъи маҳсулоти дохилист. Вале барои расидан ба ин ҳадаф ба Чин лозим аст, ки рушди солонаи иқтисодашро дар давру бари 7,5 дарсад нигоҳ бидорад. Суръати рушди иқтисодии Чин, ки 3 сол пеш Ҷопонро аз мақоми иқтисоди дувуми дунё танг кард, соли гузашта то ҳадди 7,8 дарсад пойин омад. Ин пойинтарин мизони рушди иқтисодии Чин дар беш аз 10 соли охир буд.

Чин ва Амрико

Лӣ Кекианг ҳамчунин гуфт, ки Пекин хостори равобити қавӣ бо Амрико - бузургтарин иқтисоди дунё ва бузургтарин шарики тиҷории Чин - мебошад. Равобити Пекину Вошингтон дар ин авохир ба далели ҳадсу гумонҳо дар бораи ҳамлаҳои ҳакерии бархоста аз дохили Чин алайҳи ширкатҳову идораҳои амрикоӣ мураккаб шудааст. Дар бораи шеваи ноодилонаи тиҷорати Чин низ байни ду иқтисоди аввали дунё баҳсҳо идома доранд.

Чин ва Русия

Сарвазири Чин ҳамин тавр, эътироф кард, ки Сӣ Ҷинпин қасд дорад, дар нахустин сафари хориҷиаш ба ҳайси раиси ҷумҳурии Чин «ба зудӣ» ба Русия сафар кунад. Лӣ Кекианг гуфт, ин сафар аҳамияти равобит миёни Русияву Чинро нишон медиҳад. Бар изофаи равобити тиҷории қобили мулоҳиза, Чину Русия дар бисёре аз масоили доғи байналмилалӣ назари ҳамсон доранд ва барои мисол, ҳарду кишвар мухолифи дахолати нирӯҳои хориҷӣ ба ҷанги Сурия мебошанд.

Сӣ Ҷинпин дар сафари хориҷии шиносоиаш ҳамчунин мехоҳад аз чандин кишвари қораи Африқо, ки ба як майдони сармоягузориҳои афзояндаи Чин табдил меёбад, дидан кунад.

Чин ва Осиёи Марказӣ

Чин ҳамин тавр, дар солҳои охир дар баробари Русияву Эрон ва Аврупову Амрико ба як бозигари умда дар саҳнаи Осиёи Марказӣ низ табдил ёфтааст. Ҳамаи кишварҳои ин минтақа узви Созмони Шанхай мебошанд, ки дар он сози аввалро Пекин менавозад. Умдатарин тарҳҳои энерживу нақлиётӣ дар аксари кишварҳои минтақа низ дар ҳоли ҳозир бо сармояи Чин иҷро мешаванд.

Чин ва Тоҷикистон

Чин умдатарин шарики иқтисодии Тоҷикистон низ ба ҳисоб меравад ва ҷамъи сармоягузориаш ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 1,5 миллиард доллар баровард мешавад. Феълан дар Тоҷикистон тақрибан 50 ширкати Чин фаъолият доранд. Иҷрои тарҳҳои муҳими иқтисодие, чун бунёди нақбҳои Шаҳристону Шаршар, бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Регар, эҳдоси хутути барқи Лолазор-Хатлон ва Шимол-Ҷануб низ бо кумаки молии Чин ва тавассути ширкатҳои он кишвар анҷом мешаванд. 971 миллион доллар, ё қариб 45 дарсад аз беш аз 2 миллиард доллар қарзи хориҷии Душанбе низ қарзи Чин аст.