Сохтани нерӯгоҳи Айнӣ дар фарози рӯди Зарафшонро Эрон бар уҳда гирифтааст.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Алиакбар Солеҳӣ, ки ба манзури ширкат дар иҷлосияи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори “Муколамаи ҳамкории Осиё” дар Душанбе қарор дошт, ба хабарнигорон гуфтааст, ки Эрон ба наздикӣ эҳдоси ин нерӯгоҳро шурӯъ хоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Солеҳӣ, онҳо рӯзи ҷумъа дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯи тарҳи нерӯгоҳи Айнӣ ва барномаҳои дигари ҳамкорӣ ба тавофуқ расидаанд.
Ташхисоти фанниву иқтисодии тарҳи нерӯгоҳи Айниро низ Эрон ба дӯш гирифта, қасд дорад, бо хатми эҳдоси нерӯгоҳи Сангтӯда-2 таҷҳизоташро ба маҳали сохтмони ҷадид бикӯчонад.
Алиакбар Солеҳӣ баъди дидор бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар дунё ду кишвари дигаре нест, ки чун Эрону Тоҷикистон ин қадар муштаракот дошта бошанд. Солеҳӣ вазъи кунунии равобити Теҳрону Душанберо олӣ тавсиф карда гуфтааст, ҳамкориҳои тиҷорӣ ва фанниву муҳандисӣ байни ду кишвар дар оянда боз ҳам афзоиш хоҳанд ёфт.
Нерӯгоҳи Айнӣ бо иқтидори 150 мегаватт яке аз бахшҳои барномаи давлати Тоҷикистон барои расидан ба истиқлоли энергетикист, вале то кунун барои сохтанаш сармоягузор пайдо нашудааст. Қаблан барои эҳдоси ин нерӯгоҳ бо ширкатҳои Украина музокироти тӯлонӣ доир шуда, Эмомалӣ Раҳмон ҳатто роҷеъ ба ин тарҳ бо Чин қарордод ҳам баст, вале ҳам украиниҳо ва ҳам Чин дар ниҳоят ба далели мухолифати Узбакистон аз ширкат дар ин тарҳ даст кашиданд.
Алиакбар Солеҳӣ гуфтааст, дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон дар баробари тарҳи Айнӣ ҳамкориҳо дар соҳоти интиқоли нафту газ, бунёди роҳҳои оҳану шоҳроҳҳо, транзити молу коло аз тариқи Эрону Афғонистону Тоҷикистон, тарҳи бунёди роҳи оҳане, ки аз Осиёи Марказӣ хоҳад гузашт ва ҳам барномаи сафари қарибулвуқӯи раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистонро низ баҳс кардаанд.
Қарор буд, Аҳмадинажод дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз омада, дар расми итмоми сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи дувуми ин нерӯгоҳ ширкат кунад. Вале ин сафар ва ин маросим ҳарду ба моҳи апрел ба таъхир афтод.
Сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 бо 180 миллион доллар сармояи Эрон ва 40 миллион доллар саҳми Тоҷикистон, ки бузургтарин тарҳи ҳамкории ду кишвар ба ҳисоб меравад, тақрибан 10 сол боз идома дошта, феълан дар ҳоли анҷомёбист. Чархаи аввали Сангтӯда-2 аз моҳи сентябри соли 2011 барқ тавлид мекунад ва дар поёни моҳи феврал мояи баҳси байни мақомоти Эрон ва ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” дар мавриди пули барқи ин нерӯгоҳ ҳам шуд.
Сафорати Эрон дар Душанбе бо ирсоли як нома аз “Барқи Тоҷик” хост, 12 миллион доллар пули ҷамъшудаи барқи Сангтӯда-2-ро ҳанӯз то боздиди расмии Аҳмадинажод пардохт кунад. Бархе манобеи огоҳ таъхир дар сафари раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ва расми анҷоми сохтмони Сангтӯдаи дуро низ ба ҳал нашудани ҳамин баҳси молӣ рабт медиҳанд, ки гӯё маҳз дарёфт накардани пули барқ боис шуда, ки дар Сангтӯда-2 мушкили молӣ пеш биояд ва ин саранҷом иллати таъхир дар анҷоми сохтмони нерӯгоҳ шавад.
Эрон бо 217 миллион доллар тиҷорати солона аз шарикони умдаи тиҷорӣ ва аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Феълан дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ амал мекунанд. Бунёди нақбҳои “Истиқлол” ва нерӯгоҳи Сангтӯда-2 аз умдатарин тарҳҳои ҳамкории Теҳрону Душанбе ба қалам дода мешаванд. Теҳрон, инак, барои сохтани нерӯгоҳи бузурге бо иқдори 150 мегаватт дар фарози рӯди Зарафшон азм кардааст.