Соли мушкили Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон шояд дар интихоботи моҳи ноябр боз ҳам баранда шавад, вале шароит дигар барояш мисли пеш нахоҳад буд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон 26 апрел дар шароите ба парлумон паём мефиристад, ки таҳлилгарон вазъи ин кишварро оддӣ арзёбӣ намекунанд ва мегӯянд, сол барои худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам соли мушкил хоҳад буд. Ба ақидаи таҳлилгарон, сабаб ин аст ки мушкилиҳои солҳои пеш ҳалношуда боқӣ мемонанд.

Аз ҷумла барномаҳои энержии давлат иҷро нашуданд ва аҳолӣ бо гузашти 21 сол аз истиқлол ҳамоно зимистонро дар бебарқӣ паси сар мекунад. Раванди муҳоҷирати корӣ боздошта нашудааст. Насли ҷавоне, ки ба камол мерасад ва ба нируи корӣ табдил меёбад, зиндагии худ ва хонаводаи худро бидуни муҳоҷират ба Русия тасаввур намекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ аз барномаҳои муҳими ҳукумат ба шумор меравад. Масъалаи фасоду ришвахорӣ чун мавзӯи асосӣ то ҳол дар сафаҳоти матбуоти мустақили Тоҷикистон ва гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳузури густарда дорад.


Марат Мамадшоев

Марат Маҳмадшоев - таҳлилгари мустақили тоҷик дар Бишкек мегӯяд, Тоҷикистон дар масъалаи интихоби кадрҳо низ мушкил дорад: “Кишвар дар сатҳи поини афтиш қарор дорад, ки ҳатто тасаввури он мушкил аст. Ҳоло мо аз рӯи бисёр нишондиҳандаҳо бадтар аз кишварҳои африқоӣ ҳастем. Ришвахорӣ ба ҳадди диданошуда расидааст ва хусусияти шармоваре гирифтааст. Барои ҳамин, паём бояд роҷеъ ба мубориза бо маҳалгароӣ, ошнобозӣ ва хешутаборпарастӣ дар хадамоти давлатӣ бошад”.

Ба ақидаи Мамадшоев, тақрибан 90 дарсади мушкилоти имрӯзаи Тоҷикистон ба омилҳои дохилӣ, ба сиёсати давлатӣ вобаста аст. Мушкилоте, ки дар баробари оқои Раҳмон қарор дорад, омилҳои хориҷӣ низ дорад, вале онро набояд бузург кард.

Аз тарафи дигар, Тоҷикистон кишвари заъиф аст ва ба ҳеҷ кишваре аҳроми таъсиргузор надорад. Ба ин сабаб кишварҳое онро нодида мегиранд. Масалан, Андрей Грозин - мудири бахши Осиёи Марказии пажӯҳишгоҳи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав мегӯяд, дар сиёсати хориҷӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон мавзеъгирии устувор надорад, зеро Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ заиф буда, мехоҳад аз ҳар кишвари мумкин кумаке дарёфт кунад. Андрей Грозин мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ба ҳамаи масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аз даричаи интихобти моҳи ноябри раёсати ин ҷумҳурӣ нигоҳ мекунанд.


Андрей Грозин

Ба ақидаи Грозин, аз ҳоло дар Русия дар сатҳи коршиносон ин сарусадоҳо шунида мешавад, ки оқои Раҳмон бояд номзадии худро дар интихоботи оянда пешбарӣ накунад, зеро раисиҷумҳур нисбат ба Русия мавзеъгирии рӯшан надорад ва дар Русия ҳар гуна мулоқоти Раҳмон бо мақомоти кишварҳои Ғарбиро иқдоми нодуруст ва душманона нисбат ба Русия арзёбӣ мекунанд. Ин ҳарфҳо алҳол аз забони коршиносон шунида мешавад ва аз забони шахсоне, мисли Жириновский. Грозин мегӯяд, суханони Жириновский дар ҳаққи раисиҷумҳури Тоҷикистон танҳо суханони худи ӯ нест, балки “домашная заготовка” ё “андешаҳои тарҳрезишудаи баъзе доираҳост”, ки аз забони сиёсатмадоре, мисли Жириновский расонаӣ мешавад. Ӯ меафзояд, “аз сӯи дигар, Жириновский наметавонад дар ҳаққи раҳбарони дигари Осиёи Марказӣ чунин суханонро ба забон орад, ба ин сабаб ман метавонам бигӯям, ки ин Жириновский заъфиятҳои раисиҷумҳури Тоҷикистонро медонад”.

Парвиз Муллоҷонов - сиёсатшиноси тоҷик низ бо назардошти омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ соли ҷориро барои оқои Раҳмон соли мушкил медонад: “Бисёр масъалаҳое, ки буданд, ҳамин хел мондаанд. Масъалаи асосӣ фасод аст. Онро бояд решакан кард. Ин масъала пеши роҳи пешрафти Тоҷикистонро мегирад”.

Ҳоло оқои Раҳмон бо чунин кӯлбори мушкилот ба интихобот меравад. Таҳлилгарон пирузии ӯро истисно намедонанд, вале мегӯянд, шароит барояш дигар мисли пеш нахоҳад буд.