Аксари коршиносон бар ин ақидаанд, ки барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон на танҳо дар Душанбе, балки дар манотиқи дигари кишвар низ бояд зербинои хубе ба вуҷуд оварда шавад.
Ҳоло дар Душанбе меҳмонхонаҳои хубу гаронбаҳо сохта шудаанд, вале дар минтақаҳои хушобу ҳаво ва минтақаҳое, ки хориҷиён барои кӯҳнавардиву тамошои ҷойҳои ба истилоҳ “афсонавӣ” ё таърихӣ меоянд, ҳади ақал шароити маъмулии иқомати ду-се рӯзаи сайёҳон вуҷуд надорад.
Гузашта аз ин, ширкатҳои сайёҳии дохилии Тоҷикистон бештар вазифаи худро дар он мебинанд, ки хоҳишмандонро дар Тоҷикистон гирдиҳам оранд ва барои сайёҳат ба кишварҳои хориҷӣ фиристанд.
Бобо Умарбекзода-шаҳрванди тоҷиктабори Белгия, ки ба соҳибкорӣ машғул аст, рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистонро ба бунёди роҳҳои муносиб ва меҳмонхонаҳои хурду дорои шароити муосир дар минтақаҳо медонад: “Сохтани меҳмонхонаҳо дар шаҳри Душанбе ба рушди сайёҳӣ кӯмак намекунад, чунки сайёҳон ба хотири шаҳри Душанбе намеоянд, онҳо ба хотири Помир, ба хотири кӯҳҳои Фон, ба хотири меъмориҳои таърихии Ҳисор ва монанди он меоянд. Барои ҳамин меҳмонхонаҳои хурди замонавӣ бо шароити зарурӣ дар дохили он бояд дар ин минтақаҳо низ сохта шаванд.”
Ба гуфтаи Умарбекзода, дар кишварҳои аврупоӣ дар масири сайёҳати сайёҳон ширкатҳо ҳамаи шароити рафту омад ва иқомати муваққатиро дақиқ барномарезӣ мекунанд. Вале дар Тоҷикистон ба чунин низом таваҷҷуҳ намекунапнд ва ин гуна барномаҳо вуҷуд надоранд.
Нурлан Мукаш-раҳбари барномаҳои ширкати сайёҳии Lernidee-и Олмон барои кишварҳои Шӯравии пешин ва Чину Муғулистон мегӯяд, дар Тоҷикистону Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна ширкатҳои сайёҳӣ бештар саъй мекунанд шаҳрвандони худро ба кишварҳои хориҷӣ бифиристанд ва ин кори мушкиле нест. Дар чунин ҳолат пул ба ширкатҳои хориҷӣ меравад ва дар кишвари худ даромад намемонад.
Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан шароити яксон доранд. Ба ин кишварҳои кӯҳистонии дорои обҳои софу водиҳо ва дараҳои зебо хориҷиён дилбастагии зиёд доранд ва агар ба онҳо бигӯӣ, ки Тоҷикистон бо “Боми Ҷаҳон” машҳур аст, ҳар кас орзу мекунад бо чашми худ бубинад, ки “Боми Ҷаҳон” чӣ гуна ҷоест ва чаро соҳиби ин ном шудааст.
Кӯҳҳои Фон низ бо силсилакӯлҳои худ машҳуранд. Бо дидани акси ин кӯлҳо хориҷиён тааҷҷуб мекунанд, ки чӣ гуна дар баландии бештар аз 3 ҳазор метр ин кӯлҳои афсонавии обҳои софу ошомиданӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар Помир низ чунин кӯлҳо кам нестанд ва агар касе аз ҳавопаймо ин кӯлҳоро дида бошад, онҳо дар оғӯши кӯҳҳо мисли нигин медурахшанд. Гузашта аз ин, фарҳангу суннатҳои мардумӣ ва меҳмоннавозии сокинони маҳаллӣ барои сайёҳон беназир аст. Ҳар касе ба Тоҷикистон сафар доштааст, бо аксҳои манзаравии худ қалби хориҷиёнро тасхир кардааст.
Аммо Нурлан Мукаш мегӯяд, нахустин падидае, ки сайёҳонро аз рафтан ба чунин ҷойҳо бозмедорад, набуди парвозҳои мустақим ва камбуд ва ё набуди меҳмонхонаҳо дар чунин ҷойҳо мебошад. Нурлан Мукаш мегӯяд: “Барои рушди сайёҳӣ дар кишварҳое мисли Тоҷикистону Қирғизистон зербинои сайёҳӣ фароҳам оварда нашудааст. Дастрасӣ ба минтақаҳо мушкил аст. Меҳмонхонаҳои хуб вуҷуд надорад ва роҳҳои муносиб сохта нашудааст, то ки бо мошин ё автобус аз як нуқта ба нуқтаи дигар биравӣ”.
Ба гуфтаи Нурлан, дар Душанбе меҳмонхонаҳои гаронбаҳо ҳастанд, вале нархҳои он на барои ҳамаи сайёҳони хориҷӣ муносиб аст. Дар Тоҷикистон то ҳол барномаҳои ҳамоҳангшудаи рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ вуҷуд надорад. Ба соҳибкорон пешниҳод карда намешавад, ки дар сохтмони чунин меҳмонхонаҳо сармоягузорӣ кунанд.
Рустам Саидов-раиси умумии Ҷамъияти саҳҳомии “Ҳолдинги Контгрупп Тоҷикистон” раҳбарии ширкати “Конт-туризм”-ро низ бар уҳда дорад. Ҳолдинги Рустам Саидов сохтмони Терминали марказии шаҳри Душанбе ва як Маркзази тиҷоратӣ дар пойтахтро бар ӯҳда дорад.
Вай чунин мегӯяд: “Дар мавриди он, ки бо сармоягузории ширкат дар ин ё он минтақаи Тоҷикистон бунёди меҳмонхонаҳо ба роҳ монда шавад, мо то ҳол тасмиме надорем, зеро он маблағи зиёде талаб мекунад. Вале бо пайдо шудани имкониятҳои молӣ бунёди инфраструктура дар минтақаҳои дурдаст зарур аст. На танҳо ширкати “Конт-туризм”, балки ширкатҳои дигар ҳам бояд андеша кунанд ва мо дар ҳамоҳангӣ меҳмонхонаҳо ва майдонҳои варзишиву фароғатӣ месозем.”
Тоҷикистон дар масири “Роҳи Абрешим” ҷойгир аст ва дар сурати ҳамоҳанг сохтани масири сайёҳати сйёҳони хориҷӣ бо кишварҳои ҳамсояи худ дар “Роҳи Абрешим” метавонад набуди парвозҳои мустақим ба Тоҷикистонро низ ҷуброн кунад.