Қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди НБО «Сангтӯда-2», ки бо сармоягузории Эрон бунёд шудааст, ба 20 миллион доллар расидааст.
Як манбаъ аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми май дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар ҳоли ҳозир то 20 миллион доллар расидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, қарзи «Барқи тоҷик» ҳар моҳ ба миқдори ду миллион доллар афзоиш меёбад.
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи феврали соли равон сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ширкати «Барқи тоҷик» хоста буд, ки 12 миллион доллар қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда 2»-ро то замони ташрифи президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, пардохт намояд.
Қарор буд раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар пайи таҷлили Наврӯз дар Ишқобод вориди Тоҷикистон шуда, дар расми кушоиши чархаи дувуми нерӯгоҳи "Сангтӯда 2" ширкат варзад. Аммо ин сафар ба вуқуъ напайваст ва ба таъкиди масъули бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, чархаи дуввуми нерӯгоҳи «Сангтуда -2», ки ҳанӯз моҳи феврал омодаи кор буд, дар интизори раисҷумҳурони ду кишвар ба кор андохта нашудааст.
Чарха ё турбинаи аввали нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар авоили моҳи сентябри соли 2011 бо иштироки раҳбарони Тоҷикистону Эрон фаъол шуд.
Пас аз се моҳи давраи озмоишӣ, дар 22-декабри ҳамон сол ин нерӯгоҳ ба тавлиди неруи барқ шурӯъ кард ва 30-юми декабр хатҳои интиқоли барқ ба ин ниругоҳ васл шуданд ва ниру ба шабакаҳои кишвар интиқол ёфт.
Ин нерӯгоҳ дар ҷануби Тоҷикистон бо 180 миллион доллар сармояи Эрон ва 40 миллион доллар саҳми худи Тоҷикистон сохта шуда, тайи 12 соли аввали фаъолияташ дар ихтиёри ҷониби Эрон қарор хоҳад гирифт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад