Ислом Каримов муҳоҷирони кориро лаванду танбал номид ва эълом дошт, ки дар Ӯзбакистон ягон талбандаи хиёбонӣ боқӣ намондааст.
Сарвари Ӯзбакистон рӯзи 20 июн дар вилоятҳои Ҷиззах ва Сирдарё бо кишоварзону соҳибкорон мулоқот кард ва аз рушди иқтисодии кишвар ситоиш намуд.
Аммо баъдан Ислом Каримов ба мавзӯи ихроҷи нерӯи корӣ рӯ овард ва аввал муҳоҷирони кориро “дангоса” ё танбалу лаванд номид ва сипас эълом дошт, ки дар кишвар ягон гадо ё талбандаи хиёбонӣ боқӣ намондааст. Ислом Каримов гуфт, ки ҳоло шумораи "дангосаҳо" дар Ӯзбакистон кам шудааст ва афзуд, “ман онҳоеро "дангоса" меномам, ки ба Маскав мераванд ва он ҷо кӯчаву хиёбонҳоро мерӯбанд. Ҳар кас дар ин вазъ нисбати ӯзбакҳо, ки барои як пора нон шуда ба ҳам кор розиянд, бадбинӣ пайдо мекунад. Ҳозир дар Ӯзбакистон ягон кас аз гушнагӣ намурдааст”.
Раисиҷумҳури Ӯзбакистон аз рӯзҳои ҷавонияш ёд овард, ки дар Тошканд кор мекард ва баъзан ба мавзеи Эскиҷува барои садақа додан ба талбандаҳо мерафт. Ӯ афзуд, ки чанде пеш бори дигар ба он мавзеъ рафт ва дид, ки ягон гадо боқӣ намондааст. Ислом Каримов ба хулосае расид, ки дар Ӯзбакистон талбанда боқӣ намондааст, зеро шараф ва нангу номус ба одамон иҷоза намедиҳад то дасти тамаъ сӯи дигарон дароз кунанд. “Вақте инсон талбанда шуда, ба кӯча мебарояду даст дароз менамояд, ӯ шарафи худро гум мекунад. Миллати ӯзбак аз дигар миллатҳо бо чӣ фарқ мекунад? Бо нангу номусаш! Магар ин гуна шармандагӣ бадтар аз марг нест?”-гуфт сарвари Ӯзбакистон.
Зимнан, таври маъмул, ҳар дафъа қабл аз сафари раисиҷумҳур ба ин ё он мавзеъ он ҷо поккорӣ мешавад. Ба гуфтаи бархе мусоҳибони бахши ӯзбакии
Радиои Озодӣ, рӯзи 25 июн, ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз суханронии Ислом Каримов, полиси Тошканд ба поксозии бозорҳои шаҳр аз талбандаҳо шурӯъ кард.
Аммо ба думболи изҳороти раисиҷумҳур баъзе аз корбарандагони интернет аксҳои талбандаҳои тошкандиро дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Twitter гузоштанд. Баъзеҳо гуфтаҳои Ислом Каримов дар бораи муҳоҷирону талбандаҳоро ба танз кашиданд. Як корбари интернет бо истеҳзо навиштааст, ки “Каримов рост мегӯяд, дар кишвари мо талбандаҳо нестанд, ҳамаашон ба Русия рафтанд, зеро ин ҷо дигар касе ба онҳо садақа намедиҳад”.
Изҳороти хашини Ислом Каримов дар бораи муҳоҷирони корӣ дар ҳоле нашр шуд, ки рушди иқтисоди Ӯзбакистон, аз ҷумла, аз маблағҳои ирсолнамудаи ин муҳоҷирон вобаста аст. Ба иттилои Бонки марказии Русия, соли 2012 муҳоҷирони кории ӯзбак ба ватанашон 5,7 миллиард доллар интиқол додаанд, ки ба 16,3 дар сади маҷмӯи нохолиси миллӣ баробар аст. Ва ин ҳам бидуни назардошти маблағе, ки муҳоҷирони корӣ ҳамроҳи худ аз Русия ба Ӯзбакистон мебаранд.
Дар Русия миллионҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ кору зиндагӣ мекунанд ва миёни онҳо муоҷирони ғайриқонунӣ ҳам хело зиёданд. Ӯзбакҳову тоҷикҳо ва қирғизҳо дар Русия бо зулму истисмор, табъизи нажодӣ ва ҳамлаҳои бераҳмонаи гурӯҳҳои фошистӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Бори аввал нест, ки Ислом Каримов нороҳатии худ аз пойбандии иқтисодии кишвараш аз Русияро намоиш медиҳад. Аммо барои нахустин бор ӯ дар мавриди муҳоҷирони корӣ бо лаҳни шадиду таққиромез ҳарф задааст. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки фақр ва сатҳи бекорӣ дар кишвар хело болост ва ӯзбакҳо воқеъан ҳам маҷбуранд, ки дар ҷустуҷӯи як пора нон ватанашонро тарк намоянд.
Бар пояи хабарҳо, моҳҳои ахир Тошканд талош дорад, ки пеши раҳи муҳоҷирати кории ҷавононро бигиранд. Бархе волидайн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чандест мақомот онҳоро барои имзои санаде маҷбур мекунанд, ки, бар пояи он, падару модар бояд ба мактаби миёнаро хатм кардани фарзандашон мутмаин шаванд. Агар фарзанд беназорат монд ё мактабро хатм накарда муҳоҷири корӣ шуд, волидайн дар нақзи банди 47 Кодекси маъмурӣ – «таъмини дурусти шароити таҳсил ва тарбияи хуб» айбдор мешаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад