М. Убайдуллоев аз кори "Барқи Тоҷик" ва "Талко" нигаронӣ кардааст

Нигаронии Убайдуллоев аз кори «Барқи тоҷик», «Талко» ва вазорати саноату энержӣ. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе аз омодагиҳои ниҳодҳои марбут ба зимистонгузаронӣ изҳори нигаронӣ кард. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе мегӯяд, дар ҷаласаи Ситоди омодагиҳо ба зимистонгузаронии шаҳр зикр шудааст, ки вазъият бо айби идораҳои дахлдор омодагиҳо ғайриқаноатбахш боқӣ мондааст. Ин манбаъ мегӯяд, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ» - и “Барқи Тоҷик” дар ҳамдастӣ бо ширкати «Талко» то 1 октябри соли равон бояд 35 ҳазор тон мазут захира мекарданд, аммо то 25 сентябр онҳо ҳама 8 ҳазору 193 тон ё 23,4 фоиз ворид кардаанд. Ҳамчунин барои дегхонаи «Ғарбӣ», ки ба “Барқи Тоҷик” тааллуқ дорад, ба ҷои 36 ҳазор тон ангишт, ҳамагӣ 618 тон захира шудааст. Таъмини дегхонаи «Шарқӣ»- и “Барқи Тоҷик” низ ба зиммаи «Талко» аст ва ин ширкат бояд 13 ҳазор тон ангишт ворид кунад, ки бино ба маълумоти шаҳрдорӣ, то ба ҳол чизе захира нашудааст.

Дар маҳаллаи Хоҷамбиёи Душанбе Маркази барқу гармидиҳии №2 аз сӯи ширкати «TBEА»-и Чин бо тавоноии 50 мвт барқ ва 45 гкал/соат гармӣ сохта мешавад, аммо дар ҷаласаи Ситоди омодагиҳо ба зимистонгузаронии шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ширкати чинӣ ва вазорати саноату энержӣ интиқод кардааст, ки сохтмони хаттҳои интиқоли гармӣ ва сохтмони бунгоҳи гармитақсимкуниро ҳатто оғоз накардаанд.