Вакили мудофеи маҳкумшудагон Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев алайҳи ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд аризаи шикоятӣ пешниҳод кардааст.
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи душанбе аризаи шикоятӣ аз болои ҳукми Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар нисбати маҳбусон Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев пешниҳод кардааст. Файзинисо Воҳидова гуфт, ки ҳукми додгоҳ ғайримунсифона буда ҷараёни мурофиаҳо якҷониба сурат гирифтааст.
Ба қавли ӯ, ҳам Тошев ва ҳам Ризоев дар паҳн кардани наворҳои латтукӯби маҳбусон дар зиндони Хуҷанд дар соли гузашта даст надоранд: «Додгоҳи шаҳри Хуҷанд иҷозат надод, ки навори видеоии латтукӯби маҳбусон, ба хусус навори зарбу шатми Садрддин Тошев ҳамчун маводи аёнии шиканҷаи маҳбусон истифода шавад.»
Хонум Воҳидова афзуд: «Аммо додраси додгоҳи Хуҷанд бо пинҳон доштани ин наворҳо, баҳона овард, ки доғҳои зарбу лат дар бадани Садриддин Тошев нишонаи латукӯб набуда, балки вай худашро пучидааст.»
Вай меафзояд, ки ҳам волидони маҳбусон ва вакилони мудофеъ аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд комилан норозӣ буда мехоҳанд, ки додгоҳ ба ин парванда мунсифона бархӯрд кунад ва дар ғайри он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18-уми октябри маҳбусон Садридин Тошев ва Суннатулло Ризоевро бо иттиҳоми пахши ахбори бардуруӯғ ва таҳрикомез мутаносибан ба 7 ва 9 соли зиндон маҳкум кард. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ, корманди додситонии вилояти Суғд, Иброҳим Саидов, дар мурофиаи рӯзи 9-уми октябр аз додгоҳ хост, то Садридин Тошев ва Суннатулло Ризоевро ба паҳн кардани навори шиканҷаи маҳбусон ва талош барои номураттаб кардани фаъолияти маҳбас гунаҳкор дониста, онҳоро ба мӯҳлати 8 ва 10 соли зиндон маҳкум кунанд.
Падари Садриддин Тошев, ки ба дунболи эълони ҳукми додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳукм дар нисбати фарзанди вай ноодилона аст ва ҳамроҳи вакили дифоъ ба Додгоҳи олӣ шикоят хоҳанд бурд. Садриддин Тошев, собиқ фармондеҳи мухолифин бо ҷурми терроризм, бандитизм ва одамрабоӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бино бар қонуни авф муҳлати ҷазои ӯ коҳиш ёфта, қабл аз ҳукми Додгоҳи Хуҷанд танҳо 3,5 соли ӯ боқӣ монда буд. Акнун бар иловаи ҳукми додгоҳи Хуҷанд Тошев боз 10 солу 5 моҳи умри худро дар паси панҷара хоҳад гузаронд.
Маҳмадмурод Ризоев -- падари Сунатулло Ризоев мегӯяд, ки то поёни муҳлати ҷазои писараш каме бештар аз 2 сол боқӣ монда буд. Қаблан Сунатулло Ризоев бо қарори Додгоҳи олӣ бо иттиҳоми авбошӣ ба 16 соли зиндон маҳкум карда буд, акнун акнун бо иловаи 9 соли ҳукми нав зиёда аз 11 соли дигар дар зиндон хоҳад монд.