Дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар вазъи сангини молиявӣ қарор дорад ва мутахассисон имкони аз сафи дастаҳои лигаи олӣ хориҷ шуданашро баъид намедонанд.
Бохти “Равшан” дар нахустин бозии чемпионати лигаи олии футболи Тоҷикистон ба дили мухлисонаш яъсу навмедӣ ва изтиробро ҷой кард. Даста зери раҳбарии сармураббӣ Ғайраталӣ Мираҳмадов рӯзи 17-уми апрел дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе аз тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1-3 мағлуб шуд. Аз ин пеш “Равшан” ҳама бозиҳо дар чаҳорчӯби Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2014-ро бо ҳисобҳои бузург бохт.
Сайёфи Мизроб, сардабири ягона дар Тоҷикистон сомонаи интернетӣ оид футбол (football.org.tj), мегӯяд, ки дар нокомиҳои ахири “Равшан” – ду карат қаҳрамони футболи Тоҷикистон ва баранди Ҷоми Бузурги футболи Тоҷикистон набояд ангезаи сиёсиро ҷӯст, ҳарчанд шояд хусумати бархе дастаҳо дар миён аст, зеро ду соли ахир дастаи шаҳри Кӯлоб бо шӯру шавқ ва ба такрор тими
“фаворит” ва дӯстдоштаи Федератсиони футболи кишварро шикаст дод. Зимнан, ба гуфтаи ӯ, масъулини дастаи “Истиқлол”, аз рақибони аслии солҳои ахири “Равшан”, ва раҳбарони Федератсиюни футболи Тоҷикистон ҳам ин гуна зуд дар вартаи суқут қарор гирифтани дастаро чашмдор набуданд.
Мушкилоти “Равшан” баъд аз сарпечии сармоягузори асосияш – яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз идомаи пардохти маблағ ва бар асари ин тимро тарк намудани беҳтарин футболбозонаш шурӯъ шуданд. Аммо, ба гуфтаи Сайёфи Мизроб, сармоягузори дастаро ҳам фаҳмидан мумкин аст, зеро Муҳаммадзоҳир Соҳибов ҳар сол барои ниёзмандиҳои “Равшан” 2,5 то 3 миллион сомонӣ пардохт мекард ва то 500 ҳазор сомонӣ андоз ҳам месупурд, ҳарчанд дар кишварҳое, ки футбол дар ҳоли рушд аст, таври маъмул, сармоягузорон аз пардохти андоз озоданд. Зимнан, сармоягузорони дастаҳои футболи Тоҷикистон фақат масраф мекунанд ва ягон сомонӣ фойида намегиранд. Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, хабарнигор ва аз мухлисони “Равшан”, ҳам мегӯяд, “футбол ҳоло дар Тоҷикистон дар ҳадде нест, ки сарпарастон аз он нафъе бигиранд”.
Аз сӯи дигар, аз нигоҳи коршиносони футбол, шикасти “Равшан” дар соле, ки Соли футболи тоҷик эълон шудааст, метавонад шикасти футболи Тоҷикистон ҳам шавад. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳама кишварҳо фақат сабқати дастаҳои нерӯманд боиси рушди футбол мешавад, тавре, ки дар Испания “Реал” ва “Барселона”,
дар Англия “Манчестер Юнайтед” ва “Ливерпул”, дар Олмон “Бавария” ва “Боруссия” бо ҳам мубориза мебаранд ва дигар дастаҳоро барои омодагии бештар таҳрик медиҳанд. Коршиносон бо таассуф мегӯянд, ки суқути “Равшан” ҳамин гуна сабқат ва интригаи футболро дар Тоҷикистон аз байн бурдааст.
Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ мегӯяд, футболе тоҷик дар ҳоле рушд хоҳад кард, ки дастаҳое чун “Равшан”-у “Истиқлол” ва “Хуҷанд”-у “Регар” дошта бошад ва суқути ҳаряке аз ин тимҳо сатҳи футболро дар кишвар пойин хоҳад бурд.
Зимнан, коршиносони футбол имкони эҳёи “Равшан”-ро баъид намедонад, ба гуфтаи онҳо, сару садоҳое паҳн мешаванд, ки гӯё ширкати “Газпром”-и Русия ба наҷоти ин даста хоҳад омад, зеро ба гуфтаи Сайёфи Мизроб “Равшан” “дигар он клубе нест, ки аз он метавон сарфи назар кард, “Равшан” ба бренди футболи тоҷик табдил шудааст ва шахсе ё ширкате, ки ба он сармоягузорӣ мекунад, аз маҳбубияти дасти кам як миллион сокини Тоҷикистон бархурдор хоҳад шуд”. Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи коршиносон, сармоягузорони маҳаллӣ баъд аз ҳодисае, ки ба сари Сафармад Рустамов мулақаб ба Кабуд, як тан аз ҳомиёни пешини “Равшан”, омад, аз пардохти маблағи ниёзмандиҳои дастаи футболи Кӯлоб истиҳола мекунанд. “Кабуд”. раҳбари шӯъбаи "Ориёнбонк" дар ноҳияи Муъминобод, соли 2011 бо ҷурми дашном додани довар дар бозии “Равшан” бо “Истиқлол” боздошт ва ибтидои соли дигар бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар даст доштан дар ташкили суиқасд, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор донист.
Зимнан, ба гуфтаи коршиносон, “Равшан” солҳои ахир аз ҳисоби билетҳои бозиҳои футбол ҳам фойидае ба даст наовард, зеро кормандони милиса ба хотири ҷилавгирӣ аз бенизомиҳо мухолисонро оҷилан вориди варзишгоҳ мекарданд ва баъд аз анҷоми бозӣ онҳоро ҳамин гуна оҷилан берун меандохтанд. Гуфта мешавад, Шӯҳрат Шонов ё “Шурик”, аз фанатҳои номии “Равшан”, пешниҳод карда буд, ки фанатҳо омодаанд бо гирифтани дастмузде фурӯши билетҳо дар бозиҳои “Равшан” ва ҳамчунин таъмини тартибот дар варзишгоҳро ба ӯҳда гирифтанд, вале Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раҳбарони даста ба ин пешниҳод таваҷҷуҳе накарданд.
Бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки имсол соли суқут ва ҳатто ба лигаи якум гузаштани “Равшан” хоҳад шуд, вале иддаи дигар мутмаинанд, ки даста дар ҳама ҳамаи бозиҳои “хонагӣ” пирӯз шуда, дар лигаи олӣ боқӣ мемонад. Аз нигоҳи онҳо, солҳои оянда футболбозони имрӯз ҷавон таҷрибаи кофӣ омӯхта, “Равшан”-ро дубора “болонишин” хоҳанд кард. Аммо ҳатто мухлисони ашаддии “Равшан” бовар надоранд, ки имсол “шоҳ” дар “тахт”-и худ боқӣ монад...