Русия 69-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро бо паради низомӣ таҷлил мекунад
Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳукумати Русия Иди ғалаба бар фашизмро чун баҳона дар маъракаи имрӯзаи худ дар Украина барои мухолифат бо Ғарб истифода мекунад.
Парад ё гашти низомии имсолаи Маскав барои бори дуюм зери назари вазири дифоъ Сергей Шойгу баргузор мешавад ва бояд ба ҷаҳониён “нафрати Русияро нисбати фашизм” намоиш диҳад. Вале дар муқоиса бо соли гузашта, ҳаҷми аслиҳаву муҳимоти низомии дар Майдони сурх ба намоишгузошташуда имсол назар ба соле пеш хеле бештар будааст. Мақомот мегӯянд, ки дар паради рӯзи 9 май намудаҳои нави муҳимоти ҷангӣ ҳам намоиш дода мешаванд. Ҳарчанд, ба эътимоди Александр Голтс, шореҳи низомии “Ежедневний журнал”, ин иддао хеле нисбӣ аст. Вай дар сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ гуфт:
Ба эътимоди Голтс, ҳаракатҳои Русия айнан мисли корҳои ҳукуматҳои Кореяи Шимолӣ ё Чин аст, ки бо баргузории парадҳои воҳиманоки низомиашон мехоҳанд тавони низомии худро таъкид кунанд.
Дар миёни 24 шаҳри русие, ки рӯзи 9 май паради низомиро ташкил карданд, Севастопол ҳам ном бурда мешавад. Имсол Севастопол 70-солагии ғалаба бар фашизм таҷлил мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ҷаҳони Ғарб иди ғалаба бар фашизмро як рӯз пештар аз Русия, яъне 8 май таҷлил мекунад ва ба бовари таҳлилгар Андрей Осталский, ки дар Бритониё зиндагӣ мекунад, фосилаи байни мафҳуми иди ғалаба дар чашми Русия ва Ғарб то рафт амиқтар мешавад.
Ба эътимоди ин таҳлилгар, ҳамин анъана то имрӯз аз ҷониби мақомдорони Русия ҳифз шуда ба як идеологияи миллии пирӯзӣ бар Ғарб, на танҳо бар Олмони нозӣ табдил шудааст. “Ҳоло бошад, ин рӯзро чун рӯзи ғалаба бар Украинаи имрӯза таблиғ мекунанд, ки як аблаҳӣ аст. Чунки саҳми Украина дар ғалаба бар фашизм камтар аз саҳми русҳо нест”, мегӯяд вай.
Осталский мегӯяд, ки рӯйдодҳои ахир дар Украина эҳсоси амнияти комилу оромиро дар дили аврупоиҳо ба ҳам зад ва Иди ғалабаи имсол ҳам барои бисёриҳо дар ин минтақа нороҳатиҳои зиёдро дар нисбати амнияташон эҷод мекунад.

- Дар паради низомӣ зиреҳпӯшҳои нав, маҷмӯаи зиддитанкӣ, ки соли 2005 ба истифода дода шуд ва системаи дифои зиддимушакии наздикпарвоз, ки соли 2011 қабул шудааст, намоиш дода мешаванд. Талаби ҳар сол намоиш додани мошинҳои нави ҷангӣ дуруст нест. Ҷиҳати нигаронкунанда ин аст, ки мақомот дар навбати аввал намоиши техникаи ҳарбии нирӯҳои баҳри Сиёҳро ваъда доданд, ки ба маънои ҳамроҳшавии Қрим ба Русия арзёбӣ мешавад. Ин иқдомҳои ҷангҷӯёна талоше барои пайванд додани Иди Ғалаба бо амалҳои Русия дар Украина аст. Ҳоло ҳар як қадами Кремл ба хотири намоиши мушти зӯри Русия гузошта мешавад.
Ба эътимоди Голтс, ҳаракатҳои Русия айнан мисли корҳои ҳукуматҳои Кореяи Шимолӣ ё Чин аст, ки бо баргузории парадҳои воҳиманоки низомиашон мехоҳанд тавони низомии худро таъкид кунанд.
Дар миёни 24 шаҳри русие, ки рӯзи 9 май паради низомиро ташкил карданд, Севастопол ҳам ном бурда мешавад. Имсол Севастопол 70-солагии ғалаба бар фашизм таҷлил мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ҷаҳони Ғарб иди ғалаба бар фашизмро як рӯз пештар аз Русия, яъне 8 май таҷлил мекунад ва ба бовари таҳлилгар Андрей Осталский, ки дар Бритониё зиндагӣ мекунад, фосилаи байни мафҳуми иди ғалаба дар чашми Русия ва Ғарб то рафт амиқтар мешавад.
- Ин ки ҷашни ғалаба дар Ғарбу Аврупо рӯзи 8 ва дар Русияву қаламрави шӯравии собиқ 9 май таҷлил мешавад, худ як чизи ҷолиб аст. Аз нигоҳи таърих, рӯзи 8 май айнан рӯзи ғалаба дониста мешавад, вале таъйини таҷлили ин ҷашн дар рӯзи 9 май бо як тасмими Иосиф Сталин, раҳбари вақти давлати Шӯравӣ сурат гирифт. Сталин бо ин таъкид мекард, ки “иди мо иди шумо нест”. Аз ҳамон вақт ба ин сӯ, иди ғалаба на танҳо рӯзи шодбоши собиқадорони ҷанг, балки пеш аз ҳама рӯзи паради низомӣ аст. Ин як мушти зӯри мусаллаҳ ба сӯи Ғарб аст, ки онро бояд чун таҳдид қабул кунанд. Дар Ғарбу Аврупо бошад, 8 май як рӯзи сулҳ, мусолеҳаи миллӣ, рӯзи ашку шодӣ ва хотироти ғамангези фоҷеаи солҳои 1940-ум аст.