Дар Сурия 17 узви узбакистонии "Давлати исломӣ" кушта шудаанд

Дар зарбаҳои ҳавоии эътилофи байнулмилалӣ дар шаҳри Раққаи Сурия 17 узви узбакистонии "Давлати исломӣ" кушта ва наздик ба 20 тани дигар захмӣ шудаанд.

Хабарнигори бахши ироқии Радиои Озодӣ дар Димишқ Халил Ҳусайн мегӯяд, рӯзи якшанбе шаҳри Раққа ва атрофи он ҳадафи зарбаи ҳавоии эътилофи байнулмилалӣ шуданд. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои байнулмилалӣ ба ин ҷо наздик ба 60 бомба партофтанд ва даҳҳо мушаки «Tomahawk» иншооти муайянеро дар худи шаҳр ва навоҳии атрофи он ҳадаф қарор дод.

Манобеи боварбахши Халил Ҳусайн дар Раққа мегӯянд, урдугоҳ ва анборҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ал-Грен, наздикии Раққа ҳадафи бомба ва мушакборони бардавом қарор гирифтанд ва дар ин ҷо 17 узви узбакистонии "Давлати исломӣ" кушта ва наздик ба 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Эҳтимол меравад, дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Шӯравии пешин низ бошанд.

Ин дар ҳолест, ки амири гурӯҳи "Давлати исломӣ» чанд ҳафта пеш як шаҳрванди Тоҷикистонро амири шаҳри Раққа таъин карда буд. Сарнавишти ӯ то ҳол маълум нест.

Эътилофи байнулмилалии таҳти сарварии Амрико рӯзи 29-уми сентябр низ минтақаҳои Ҳалаб, Раққа, Ҳассакеҳ ва Дор-ул-Зайрро ҳадафи зарбаҳои густардаи ҳавоӣ қарор дод.

Хабаргузориҳо дар ҳоле аз ҳалокати 17 ӯзбакистонӣ ва захмӣ шудани 20 ӯзбакистонии дигар хабар медиҳанд, ки нерӯҳои "Давлати исломӣ" дар Раққа шомили намояндагони ҳамаи кишварҳои пасошӯравиянд.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, танҳо дар Сурия алайҳи режими Башор Асад то 200 шаҳрвандони ин кишвар меҷанганд. Гоҳ-гоҳ дар Интернет аз сӯи ин ҷангиёни тоҷик, ки ба иддаои худашон, дар Ироқу Сурия "ҷиҳод" мекунанд, паёмҳои тунде ҳам бо интиқод аз сиёсати ҳокимони кунунии Тоҷикистон нашр мешавад.