Дар Кӯбонӣ ба ҳадафҳои тундравҳо 8 зарба ворид шуд

Кубонӣ, 8 октябр

Низомиёни Амрико ва кишварҳои ҳампаймони он ба ҳадафҳои тундравҳои "Давлати исломӣ" дар шаҳраки Кҳбонии Сурия 8 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд. Дар эъломияе, ки шоми 8 октябр Фармондеҳии марказии Амрико ба нашр расонд, гуфта мешавад, ки бо назардошти нишонаҳои мавҷуда ин шаҳраки наздик ба марзи Туркия дар контроли курдҳо боқӣ мондааст.

Дар эъломия омадааст, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ чанде аз ҳадафҳои тундравҳои исломӣ, аз ҷумла 5 мошини мусаллаҳ, амбори икмолотӣ, ситоди фармондеҳӣ ва назоратӣ ва 8 хонаи забтшударо хароб кардааст.

Пештар вазорати дифои Амрико эътироф кард, ки ҳанӯз ҳам имкони суқути Кӯбонӣ ва ба контроли тундравҳои исломӣ гузаштани он вуҷуд дорад. Бино ба ин эъломия, тундравҳо метавонанд манотиқи бештарро ба контроли худ дароранд.

Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико гуфт, вай мутмаин аст, ки дар Ироқ ва Сурия бар зидди тундравҳои "Давлати исломӣ" пешравиҳо ба даст хоҳад омад. Вай ин суханонро баъд аз мулоқот бо кормандони аршади низомии худ изҳор дошт.