"Рақибон"-и Ислом Каримов маълум шуданд

Ислом Каримов ва Ҳотамҷон Кетмонов

Мақомоти интихоботии Узбакистон гуфтаанд, барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар, ки 29 марти соли ҷорӣ дар назар гирифта шудааст, 4 нафар худро номзад пешбарӣ кардаанд.

Мунаққидони сиёсӣ мегӯянд, шахсоне, ки худро дар баробари Ислом Каримов-раиси ҷумҳури кунунӣ номзад кардаанд, танҳо ба хотири он ба варақаҳои рай дохил карда мешаванд, ки интихобот алтернативӣ бошад ва дар кишвар фазои демократӣ ба вуҷуд оварда шавад. 19 январ Кумиссиюни марказии интихобот тасмим гирифт, ки 4 ҳизби сиёсиро барои ширкат дар интихобот иҷоза диҳад.

Ба ин таритиб, Ислом Каримов аз ҳизби Либерал-Демократ, Ҳотамҷон Кетмонов аз ҳизби Халқӣ-Демократӣ, Наримон Умаров аз ҳизби Сотсиал-Демократи Адолат ва Акмал Саидов аз ҳизби Демократии Эҳёи миллӣ ба интихобот хоҳанд рафт.

Ҳеҷ як аз ин ҳизбҳо бо Ислом Каримов мухолифат ё рақобат надоранд. Каримов аз соли 1990 дар ин кишвари дорои 29 миллион нафар аҳолӣ раёсат мекунад.