Медали тилои Меҳрубон дар барномасозӣ

Меҳрубон Тӯраев

Меҳрубон Тӯраев, хонандаи синфи 11-уми гимназияи «Ҳотам ва ПВ» дар даври ниҳоии олимпиадаи бози Русия дар бахши барномасозӣ соҳиби медали тило шудааст. Масъулони гимназия гуфтанд, ин медали нахустини хонандагон аз Тоҷикистон дар чунин олимпиадаи сатҳи олӣ будааст.

Онҳо мегӯянд, дар пайи пирӯзӣ дар ин олимпиада Меҳрубон Тӯраев имкон пайдо кардааст, ба донишгоҳҳои Русия бидуни имтиҳон шомил шавад.

Ин олимпиада рӯзҳои 7-8–уми март дар Маскав бо ҳимояти ширкати «Яндекс» ва сарпарастии ширкати «1С Бухгалтерия» баргузор гардидааст. «Баъд аз хатми донишгоҳ, агар Меҳрубон хоҳиш дошта бошад, дар яке аз ин ширкатҳои бонуфуз ба фаъолият хорҳад пардохт,»-гуфтан дар гимназияи «Ҳотам ва ПВ».