Кумиссиёни марказии интихоботи Қазоқистон гуфт, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури феълӣ дар интихоботи рӯзи 26-уми апрел 97.7 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва ҳамингуна барои даври панҷум раиси ҷумҳури Қазоқистон мемонад. Қувондиқ Турганқулов, раиси Кумиссиёни марказии интихобот, рӯзи 27-уми апрел гуфт, ки дар интихобот 95.22 дар сади мардум ширкат кардаанд. Нурсултон Назарбоев, ки бештар аз 25 сол аст, ки дар Қазоқистон ҳукумат мекунад ва дар ин муддат рақибонашро канор зада ва матбуотро низ зери назорати сахт гирифтааст. Ду рақиби Назарбоев дар интихобот ҳам сиёсатмадороне буданд, ки сиёсатҳои ӯро дастгирӣ мекунанд. Нурсултон Назарбоев ҳангоми раъйдиҳӣ гуфт, ки интихоби ӯ, ба маънии идомаи суботу инкишофи Қазоқистон аст. Мухолифонаш мегӯянд, ки Нурсултон Назарбоев бо саркӯби дигарандешӣ, матбуоти мустақил ва тағйири «ғайриқонунии» конститутсия сари қудрат мондааст.