Назарбоев розӣ шуд, музокироти сулҳи Сурияро ташкил кунад

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз ташаббуси Маскаву Анкара дар бораи баргузории гуфтугӯҳои сулҳи ҷонибҳои даргири Сурия дар Остона пуштибонӣ кард. Назарбоев гуфт, омода аст, ки барои баргузории чунин гуфтугӯҳо майдон фароҳам оварад.

Ин пешниҳод дар ҷараёни суҳбати телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин ва президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон баррасӣ шудааст. Путин ва Эрдуғон Назарбоевро бо 25-солагии истиқлоли Қазоқистон табрик карда, ҳамзамон масъалаи омодагии ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё ва саммити Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ)-ро ба баррасӣ гирифтаанд. Президенти Туркия аз таъхири сафараш ба Остона таассуф хӯрдааст. Интизор мерафт, вай 12 декабр ба Қазоқистон равад.

Моҳи апрели соли гузашта мақомоти Остона гуфтанд, чанд гуруҳи мухолифон дар Сурия аз Назарбоев хоҳиш кардаанд, ки дар Қазоқистон мулоқоти ҷонибҳои даргирро баргузор кунад. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, Остона моҳҳои май ва октябри соли 2015 ба ҷонибҳои даргир "майдони гуфтугӯ" фароҳам оварда буд. Ҳайтаи ҷонибҳо ошкор нашуд ва гуфтугӯҳо пушти дарҳои баста сурат гирифтанд.