Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба куштори сафири Русия дар Туркия

СММ, САҲА, ИМА, Бритониё, Фаронса ва кишварҳои дигар куштори Андрей Карлов, сафири Русияро дар Туркия маҳкум карданд. Вай аз захмҳое, ки аз тири тапонча бардошт, дар Анқара ҷон дод.

Марди мусаллаҳ дохили намоишгоҳи санъати муосир шуд, ки он ҷо аксҳои "Русия аз диди туркҳо" ба намоиш гузошта шуда буд ва сӯи сафир тир кушод.

Бино бар иттилои сомонаи Haber Turk, сафирро корманди пешини пулиси Анқара кушта аст. Ин корманд баъди табаддулоти нокоми Туркия дар таърихи 15 июли соли ҷорӣ аз кор ронда шудааст. Ҳангоми тиркушоӣ корманди пешини пулис гуфтааст, вай қассоси Сурия ва Ҳалабро меситонад. Худи ҳамлагар низ дар тирпарронӣ бо пулис кушта шуд.

Расонаҳои Туркия навиштанд, ки дар ин ҳодиса ҳамчунин 3 тани дигар захмӣ шудааст.

Андрей Карлови 62-сола аз соли 2013 ба ин сӯ дар Туркия сафирӣ мекард.