Баъд аз як рӯзи куштори Андрей Карлов дар маросими муаррифии намоишгоҳи аксе дар Анкара, дар Душанбе дипломатҳои хориҷӣ ёди ӯро гиромӣ доштанд. Сафорати Русия дар Душанбе бо ташкили маросиме шоми 20 декабр хоҳишмандонро барои арзи тасаллияти худ дар китоби махсусе ба ин намояндагии дипломатӣ даъват кард. Аз аввалин меҳмонони маросим сафири Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рифъат Кӯксал буд, ки гуфт, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвараш ҳатман омилони ин ҳодисаро ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин маросим дар бинои сафоратхонаи Русия дар шаҳри Душанбе дар ҳоле баргузор шуд, ки сафоратхона таҳти тадбирҳои шадиди амниятӣ қарор дошт
Сафири Туркия дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Ин ҳамла на фақат ба дӯсти азизи мо сафир Карлов, балки ба тамоми мардум ва ба муносиботи Русияву Туркия буд. Мо бисёр афсӯс мехӯрем ва касеро, ки дар пушти ин ҳамлаҳо меистад, дастгир мекунем. Зоҳиран, инҷо фақат як нафар нест ва мо онҳоро боздошт мекунем."
Алӣ Рифъат Кӯксал гуфт, ин ҳамла муносиботи Маскаву Анкараро барҳам назада, баръакс, тақвият мебахшад ва ҳамкориҳо мустаҳкамтар мекунад. Яке дигар аз меҳмонони сафорат – вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов буд, ки ҳанӯз субҳи рӯзи сешанбе бо пахши изҳорот ба ҳамкори русаш Сергей Лавров изҳори тасаллият баён карда ва ҳодисаи кушторро ҳамчун як амали ғайриинсонӣ шадидан маҳкум намуд. Аслов дар китоби тасаллияти сафоратхонаи Русия чанд ҷумла навишта, бо сафири Русия Игор Лякин-Фролов ҳамсӯҳбат шуд.
Дипломати баландпояи Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодисаи мудҳиши рӯзи 19 декабр ба ҳеҷ сурат равобити Маскаву Анкараро халалдор намекунад. Фролов афзуд, "ин ҳамлаи террористӣ буд ва чунин хатар дар ҳар кишвар вуҷуд дорад. Аммо баъд аз кушта шудани Андрей Карлов раиси ҷумҳури Туркия зуд бо президенти Русия Владимир Путин дар тамос шуда, узр ва тасаллияти худро изҳор дошт. Ҳар ду президент тасмим гирифтанд, ки якҷоя ин ҳодисаро таҳқиқ кунанд. Мутмаинам, ки ин ҳодиса дар равобити миёни Русия ва Туркия мушкил эҷод нахоҳад кард."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин маросим дар бинои сафоратхонаи Русия дар шаҳри Душанбе дар ҳоле баргузор шуд, ки сафоратхона таҳти тадбирҳои шадиди амниятӣ қарор дошт ва дар атрофи он кормандони силоҳбадасти амниятии Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешуданд.
Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия, баъд аз зуҳри 19 декабр ҳангоми суханронӣ дар намоишгоҳи аксҳои "Русия аз назари туркҳо" дар Анкара бо зарби тир кушта шуд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст, вале мақомоти Туркия бовар доранд, ки дар пушти ҳамлагар, ки аз ӯ як ходими 22-солаи пулис ном бурда мешавад, афроди муайяне қарор доштанд ва ин ҳамла аз пеш тарҳрезишуда буд.
Куштори сафири Русия дар Анкара Андрей Карловро ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ҳамчун як амали террористӣ маҳкум карданд. Тоҷикистон ҳам тирандозӣ ба сӯи Андрей Карловро "амали ғайриинсонӣ" номид ва гуфт, ки "ин ҳодиса ба вайрон намудани тамоми меъёрҳои низоми ҷаҳони мутамаддин равона шудааст."