Сафири Русия гуфт, баҳси парвозҳо миёни Маскаву Душанбе иқтисодист

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, гуфт, баҳси бархоста бар сари парвози ҳавопаймоҳо миёни Маскаву Душанбе сиёсӣ нест, балки манфиатҳои иқтисодӣ ба ҳам бархӯрдаанд. Ӯ рӯзи 27 декабр дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “раунди аввали музокирот дар Маскав бе натиҷа поён ёфт, вале зарфиятҳои Тоҷикистону Русия ба ҳадде ҳастанд, ки тарафҳо бо роҳи мусолиматомез метавонанд масъаларо ҳал кунанд.” Сафири Русия аз ин бештар ҷузъиёт надод.