Мӯҳлати хидмат дар артиши Тоҷикистон кай 1,5-сола мешавад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, то кунун тарҳи қонунро дар бораи аз 2 то 1,5 сол поин бурдани мӯҳлати хидмат дар артиш дастрас накардаанд. Ин дар ҳолест, ки гуфтугузорҳо дар мавриди таҳияи пешнависи лоиҳа ва ирсоли он ба порлумон чанд сол ба ин сӯ идома дорад.