ВКД: Абдуллоев чанд ҳафта пеш аз мақом барканор шудааст. АКСУ САДО

Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон корманди масъули ин ниҳод будани подполковник Мирзоалӣ Абдуллоевро рад кард. Изҳороти ВКД баъди он садо дод, ки мақомоти Оҷонсии зиддифасод рӯзи 23 феврал гуфтанд, Абдуллоев барои гӯё гирифтани 45 ҳазор доллар "пора" боздошт шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, Мирзоалӣ Абдуллоев дар гузашта муовини сардори шӯъбаи кофтукоби ин ниҳод буд, аммо чанд ҳафта қабл аз ин сохтор барканор шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

ВКД мегӯяд, подполковники муттаҳам бо ришваситонӣ ҳамкори онҳо нест

Оҷонсии зидди коррупсия эълон кард, ки нисбат ба Мирзоалӣ Абдуллоев бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди "б"-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди коррупсия гуфт, "Абдуллоев аз як нафар 30 ҳазор ва аз дигаре 13 ҳазору 500 доллар пул гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст." Ба иттилои ин манбаъ, Мирзоалӣ Абдуллоев дар авоили ҳафтаи гузашта, ҳангоми гирифтани пулҳо боздошт шудааст.

Тавре мақомоти Оҷонсии зидди коррупсия гуфтанд, ба хотири халал ворид нашудан ба ҷараёни тафтишот, ному насаби афроди ҷабрдида зикр карда намешавад. Ҳанӯз Оҷонсӣ ба фосилагирии Вазорати умури дохилӣ аз подполковники муттаҳам дар содир кардани ҷиноят вокуниш накардааст.