Додгоҳе дар Бишкек ҳукми Текебоевро содир хоҳад кард

Дар Бишкек яке аз пурсарусадотарин мурофиаҳои додгоҳӣ дар ҳоли анҷомёбист. Интизор меравад, рӯзи 15 август ҳукми сиёсатмадори мухолифи давлат, ки барои фасод муттаҳам мешавад, эълон шавад. Омурбек Текебоев, раиси ҳизби сиёсии “Ота Макон” ва вазири пешини ҳолатҳои изтирорӣ Дуйшенқул Чотонов барои 1 миллион доллар пора муттаҳам мешаванд. Дар сухани охирини худ дар додгоҳ айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, ки Текебоев ва Чотоновро ба 10 ва 8 соли зиндон маҳкум кунад.

Парвандаи пурсарусадои ин ду сиёсатмадор, ки баҳори имсол боз шуд, ба қазияи соли 2010 рабт мегирад. Тафтишот гуфт, раҳбари ҳизби пуртарафдори сиёсӣ, ки он сол дар мақоми муовини нахуствазир кор кардааст, гӯё аз як соҳибкори рус як миллион доллар пора гирифтааст.

Худи Текебоев ва Чотонов, ки иттиҳомотро комилан бепояву асос медонанд, ин додгоҳро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, гуфтаанд, ки дар асл барои пешрафти Қирғизистон заҳмат кашидаанд. Аз ҷумла, рӯзи 14 август дар сухани охирини худ дар додгоҳ Текебоев гуфт, ки замони кораш дар мақомҳои раиси маҷлис ва муовини нахуствазири Қирғизистон барои рушди иқтисоди Қирғизистон корҳои зиёде анҷом додааст. Суханронии охирини Текебоев дар додгоҳ 10 август шурӯъ шуда то 14 август идома кард.

Текебоев аз ҷумла гуфт, ки ҳабсу ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ дар асл бо ҳадафи ба интихоботи президентӣ роҳ надодани вай мебошад. Октябри соли 2017 дар Қирғизистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва дар сурати содир шудани ҳукми додгоҳ ва ба иҷро даромадани он Текебоев аз ҳақи ширкат дар ин рақобати муҳими сиёсӣ маҳрум хоҳад шуд.

Номзадии Текебоевро ба интихобот аъзои ҳизб ва тарафдоронаш баъди боздошт шудани ӯ пешбарӣ карданд ва даҳҳо имзои зарурӣ барои сабтиноми ӯро ҳам ба комиссиюни интихоботҳо таслим карданд.

Дар суханронии худ вакили дифои Текебов – Искен Афиҷанов аз додгоҳ талаб кард, ки бино ба бегуноҳ будани зерҳимояаш ӯро дар толори додгоҳ озод кунад. Қарор аст баъди шунидани суханронии вакили дифоъ ҳайати додгоҳ ба хонаи машваратӣ барои қабули ҳукм берун шавад.