Матвиенко: "Як сухани раиси ҷумҳури Тоҷикистон маро такон дод"

Валентина Матвиенко

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия -- палатаи болоии порлумони Русия, рӯзи 28-уми август дар мулоқот бо омӯзгорони рус, ки ба Тоҷикистон сафарбар карда шуданд, гуфт, ба иҷрои ин иқдом пас аз як гилояи Эмомали Раҳмон шурӯъ карданд. Матвиенко дар ин нишаст аз дидору мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон дар соли гузашта ёдовар шуда гуфт, як сухани раиси ҷумҳур ӯро шахсан такон дод.

Матвиенко аз ҷумла гуфт, "вақте дар мулоқот масъалаи нигоҳ доштани мақоми забони русиро матраҳ кардем, ӯ гуфт, ҳамаи талошҳоро барои нигоҳ доштани мавқеи забони русӣ анҷом медиҳад, аммо Русия низ бояд дар ин росто кумак кунад. Дар мо камбуди муаллимони забони русӣ ва китобҳои дарсӣ вуҷуд дорад. Аммо чизе, ки маро шахсан сахт такон дод, ин аст, ки ӯ гуфт Русия дар солҳои гуруснагӣ ва нобасомонии солҳои 30-юм тавонист ба ҳар деҳаи Тоҷикистон муаллимони забони русиро фиристад ва мо аз ин хеле миннатдорем."

Дар идома Матвиенко гуфт, комилан бо ин гуфтаи президент Раҳмон розӣ буд, чун Русия бояд натанҳо аз кишварҳои шарикаш нигоҳ доштани мақеи забони русиро талаб кунад, балки дар иҷрои ин амр ба онҳо кумак намояд. Раиси Шӯрои Федератсия ин хотироташро аз сафари порсолааш ба Тоҷикистон дар ҳузури 29 муаллими забони русӣ, математика, физика ва информатика аз чанде аз манотиқи Русия изҳор дошт, ки қарор аст то оғози соли нави таҳсил ба Тоҷикистон бирасанд.

Ин муаллимон дар минтақаҳои Тоҷикистон аксаран дар литсею гимназияҳои президентӣ дарс хоҳанд гуфт. Маоши ин муаллимон 74 ҳазор рубли русӣ, муодили 1200 доллари амрикоӣ хоҳад буд ва аз ин 14 ҳазор рублро ҷониби Тоҷикистон ва 60 ҳазори боқимондаро Вазорати илм ва маорифи Русия пардохт мекунад.

Бар замми ирсоли муаллимон Русия ба Тоҷикистон 70 ҳазор китоби дарсӣ низ ирсол хоҳад кард. Дар нишасти рӯзи 28-уми август дар Шӯрои Федератсия ба ҷуз Матвиенво вазири илму маорифи Русия, сафирони Русия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Русия ҳузур доштанд.