Чӯпони тоҷик дар додгоҳ ба раис пирӯз шуд. ВИДЕО

Шарифхон Почоев

Додгоҳи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон баҳси як сарчӯпон бо раиси Кооперативи тиҷоратии "Тебалай"-ро ба нафъи аввалӣ ҳал кард. Шарифхон Почоев рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, муддати чаҳор сол дар ин кооператив ба ҳайси даҳмарда кор кард ва баъдан вазифаи сарчӯпониро бар ӯҳда гирифт. Ба қавли Почоев, ҳар баҳор роҳбари кооператив бо ҳар роҳу баҳона аз онҳо аз 3 то 25 ҳазор сомонӣ талаб мекард.

Вазифаи ман даҳмардагист. Таҳсил накардаам, ки додситону додрас шавам

Почоев мегӯяд, зимистони соли 2016 хеле сард омад ва дар ин муддат раҳбарияти кооператив боре ҳам аз ҳоли чӯпонҳо хабар нагирифт. Аммо, ба гуфтаи ӯ, баҳори имсол Абдулҳафиз Қурбонов, раҳбари Кооперативи тиҷоратии “Тебалай” аз макони рама хабар гирифт ва аз ӯ пардохти 10 ҳазор сомониро талаб кард. Чун сарчӯпон ин маблағро напардохт, раҳбари кооператив ӯро аз кор ронд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пирӯзии чӯпони тоҷик ба раис дар додгоҳ

Шарифхон Почоев мегӯяд, ин тасмим одилона набуд ва ӯ ба додгоҳ муроҷиат кард. “Соли 2016 замистон тӯл кашид ва ғизо намеёфтем, ки ба гӯсфандон диҳем. Бо пули захиракардаам ба гӯсфандон хӯрок харидам. Аммо раҳбари кооператив моҳи май гуфт, ки нақша иҷро нашудааст ва бояд 10 ҳазор сомонӣ супорам. Дар посух гуфтам, зимистон боре хабар нагирифтед ва як бор суроғ накардед, ки дар кадом шароит қарор дорем. Пулро надодам ва маро бо ҳамин сабаб дар моҳи май аз кор пеш кард”, - нақл кард мусоҳиби мо.

Сарчӯпон фикр кард, ки адолатро танҳо додгоҳ барқарор мекунад ва аз болои раҳбари Кооперативи тиҷоратии “Тебалай” Абдулҳафиз Қурбонов ба додгоҳ шикоят бурд. Шарифхон Почоев пас аз даву този зиёд дар додгоҳ пирӯз шуд. Аммо то кунун ӯро ба кор даъват накардаанд.

Дар қарори Додгоҳи ноҳияи Мӯъминобод, ки 22-юми сентябри соли 2017 ба нафъи Шарифхон Почоев ҳал шудааст, гуфта мешавад: “Даъвои Почоев Шарифхон Ҷӯрахонович бо ҷавобгарии Кооперативи тиҷоратии “Тебалай” дар намояндагии Раҳимов Ҷумъахон оид ба барқарор кардани муҳлати даъво ва барқарор намудан ба ҷойи пештара, қонеъ карда шавад.”

Талошҳои Радиои Озодӣ барои шунидани мавқеи Абдулҳафиз Қурбонов, раҳбари Кооперативи давлатии тиҷоратии “Тебалай” натиҷа надод. Абдулҳафиз Қурбонов нахост, ки ин мавзӯъро шарҳ диҳад.

Дар ҳоле ки сабаби аз сӯҳбат худдорӣ кардани Почоев маълум нест, ин як ҳодисаи бесобиқа аст, ки чӯпоне дар баҳси додгоҳӣ зидди раиси ширкат пирӯз шавад.

Шарифхон Почоев 43 сол дорад ва бо 7 фарзанду оилааш дар деҳаи Навободи ноҳияи Муъминобод зиндагӣ мекунад. Дар маҷмуъ, даҳ сол чӯпонӣ карда, фарзандонашро, ки ҳоло мактабхонанд, аз даромади ин касб мехуронду мепӯшонд. 350 сомонӣ маош мегирифт. "Вазифаи ман ҳамон даҳмардагист. Таҳсил накардаам, ки додситону додрас шавам", - гуфт ӯ.

Кооперативи тиҷоратии “Тебалай” замони Шӯравӣ таъсис ёфта, дар гузашта бо номи “Совхози Панҷ” машҳур буд. Ин корхона ба парвариши гӯсфанди навъи танкаронӣ ва маҳинпашм машғул аст. Совхози машҳури “Панҷ”-и ноҳияи Муъминобод дар даврони Шӯравӣ 50 ҳазор гӯсфанди танкарон ва маҳинпашм парвариш намуда, пашмашро ба корхонаҳои истеҳсоли қолин мефурӯхт.

Баъди азҳампошии Шӯравӣ совхози “Панҷ” ба Кооперативи тиҷоратии “Тебалай” табдил ёфт ва то соли 2016 дар ин кооператив 17 ҳазор гӯсфанд парвариш мешуд. 300 сар гӯсфанди ин рама моли сарчӯпон Шарифхон Почоев буд. Чӯпон мегӯяд, бо инки ӯ аз кооператив маош дарёфт мекунад, даромади аслиаш аз ҳисоби ҳамин рама таъмин мешавад.