"На унвон дошт, на нафақаи хуб". Соҷида Ғуломова даргузашт

Соҷида Ғуломова

Соҷида Ғуломова, коргардони маъруфи тоҷик, дар 81-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯ муаллифи намоишномаҳои пурбинандае чун “Зани оҳанин” ва “Армони модар” буд.

Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи тоҷик ва яке аз наздикони Соҷида Ғуломова, рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, коргардони маъруф шаби гузашта аз фишори баланди хун ҷон дод.

Соҷида Ғуломова дар филми "Буд-набуд, дар синфи якум буд"

Соҷида Ғуломова, коргардони маъруфи тоҷик аз соли 1962 то 1993, беш аз 30 сол дар бахши адабии телевизиони давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ муаллифи даҳҳо намоишномаи телевизионие, чун “Найрангҳои Майсара”, “Зани оҳанин”, “Имтиҳон”, “Зангирии Чаққабой”, “Ҳаёт ва ишқ”, “Субҳи модар”, “Армони модар” аст, ки аз ганҷҳои “фонди тилоӣ”-и телевизиони тоҷик дониста мешаванд ва то имрӯз батакрор нашр мешаванд.

Аммо Моҳпайкар Ёрова гуфт, "аламовар аст, ки ин қадар хидмат карда буданд, вале на унвон доштанд ва на як нафақаи хуб." Худи Соҷида Ғуломова низ ду сол қабл дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳар моҳ ду намоишнома таҳия кардаву ба саҳна мегузошт, аммо ин ҳама хидматҳои ӯро бо 200 сомонӣ нафақа “қадр” кардаанд.

Соҷида Ғуломова намояндаи хонаводаест, ки ба фарҳангу ҳунари Тоҷикистон як силсила шахсиятҳои барҷаста додааст. Хоҳари Соҷида Ғуломова – ҳунарпеша ва коргардон Фотима Ғуломова ва бародараш Исфандиёр Ғуломов ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик мебошанд.