Русия аз Фарзон Салимов қадрдонӣ кард

Фарзон Салимов ва Александр Бастрикин. Акс аз вебсайти расмии Кумитаи тафтишотии Русия

Кумитаи тафтишотии Русия аз Фарзон Салимов, зодаи Тоҷикистон, ки рӯзи 25-уми март барои наҷоти даҳҳо нафар аз сӯхтор дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня"-и Кемерово кумак карда буд, қадрдонӣ намуд. Александр Бастрикин – раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия – рӯзи 31-уми март дар Кемерово бо Фарзон Салимов ва се нафари дигар мулоқот кардааст. Ӯ гуфтааст, ин афрод ҷони худро дар хатар гузошта, ба одамон ёрӣ доданд ва қаҳрамонии воқеиро ба намоиш гузоштанд.

Сӯхтори рӯзи 25-уми март дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня" дар Кемерово беш аз 60 кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт.

Фарзон Салимов рӯзи 1-уми апрел дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин вохӯрӣ ва тақдими ифтихорномаву медал барояш ногаҳонӣ буд. "Чизеро интизор набудам. Қаблан ҳам гуфта будам, ки ҳар коре кардем, дар роҳи ризогии Худо буд. Ба ҳар ҳол, дирӯз даъват карданд ва ман ҳам рафтам. Ин қадрдонӣ ба одам нирӯ мебахшад", - афзуд ӯ.

Салимов мегӯяд, ҳарчанд дар рӯзи сӯхтор тоҷикони дигар низ ба наҷоти одамон шитофта буданд, фақат ӯ ба мулоқот даъват шудааст. Мақомоти Кумитаи тафтишотии Русия низ дар вебсайти расмии худ бо тавсиф аз Фарзон Салимов навиштаанд, ин молики фурӯшгоҳе дар маркази "Зимняя вишня" "ҳангоми сӯхтор дар бораи худ фикр накард ва барои наҷоти одамон шитофт".

Қадрдонӣ аз Фарзон Салимов ва се нафар аз ҳамкорони ӯ дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня" дар ҳоле сурат гирифт, ки матбуоти Русия чанд рӯз боз дар бораи корнамоии онҳо гузориш медиҳанд. Владимир Соловёв, ровии телевизиони "Россия", низ охири ҳафтаи гузашта дар барномааш аз маъмурони Вазорати ҳолатҳои фавқулода барои кундии корашон дар ҳодисаи Кемерово ба шиддат танқид кард. Ӯ, баръакс, аз корнамоии шаҳрвандони Тоҷикистон Фарзон Салимов ва Маҳмуд Хоҷаев мисол овард.

"Ду ҷавони тоҷик ҳар кореро, ки аз дасташон меомад, карданд. Онҳо даҳҳо нафарро наҷот доданд. Ё ҷавони дигар, ки се кӯдакро кашида баровард... Инҳо қаҳрамон ҳастанд. Ба инҳо бояд мукофот дод", - таъкид кард Соловёв.

Мардуми ғамзада дар маросими ҷанозаи қурбониёни сӯхтори Кемерово

Сӯхтори рӯзи 25-уми март дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня" дар Кемерово беш аз 60 кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Додгоҳи Кемерово дар заминаи сӯхтор баъзе масъулони маркази тиҷоратии "Зимняя вишня"-ро боздошт кард. Ба фарзияи тафтишот, бино аз чораҳои бехатарӣ бархӯрдор набуд ва кормандони бахши амният натавонистанд мардумро бо шеваҳои ҳирфаӣ аз бино берун баранд.

Дар наҷоти қисме аз бошандагони маркази тиҷоратии оташгирифтаи “Зимная вишня” дар шаҳри Кемеровои Русия дар маҷмуъ панҷ шаҳрванди Тоҷикистон низ саҳм гузоштаанд. Ин панҷ нафар, ки корманди мағозаи либосу пойафзол дар ошёнаи дувуми марказ буданд, беш аз 50 нафарро аз дами оташ берун кашиданд.

Яке аз онҳо Фарзон Салимов буд, ки зодаи шаҳри Душанбе аст ва соли 2003-юм ба Русия рафт. Ӯ гуфт, пас аз хатми донишгоҳ барои кору зиндагӣ ин кишварро интихоб кард ва ҳоло шаҳрвандии Русияро низ гирифта, бо зану се фарзандаш дар шаҳри Кемерово ба сар мебарад.