Рустами Эмомалӣ шӯрои нозирони “Манзили дастрас”-ро таъсис дод

Рустами Эмомалӣ

Шаҳрдори Душанбе шӯрои нозирони сохтмони “Манзили дастрас”-ро таъсис додааст. Рустами Эмомалӣ рӯзи 13-уми апрел бо имзои қароре дар ин бора гуфт, шӯрои нозирон аз манфиати муштариҳо ҳимоят карда, барои саривақт ба поён расидани кори сохтмон талош хоҳад намуд.

Ӯ ба мудири сохтмони “Манзили дастрас” даҳ рӯз вақт додааст, ки ҷаласаи нахустини шӯрои нозиронро баргузор кунад. Вале тафсилот дода нашудааст, ки ба ҳайати ин шӯро киҳо шомиланд.

Сохтмони хонаҳои “Манзили дастрас” дар Душанбе соли 2013 шуруъ шуда, қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин соҳибони худро пайдо намояд. Вале тӯл кашидану ба кундӣ пеш рафтани корҳои сохтмонӣ баъзе аз саҳмдоронро нигарон кард.

Баъзеи онҳо соли гузашта аз хавфи онки дар охир ҳам бе хона ва ҳам бе пул мемонанд, хостори бозпас гирифтани маблағҳои пардохтаашон шуданд.

Охири моҳи феврали имсол мақомот хабар доданд, ки кор дар сохтмонҳои “Манзили дастрас” дубора шуруъ шудааст. Ин хабар садҳо муштарии “Манзили дастрас”-ро ки ба хотири каме арзон будани қимати хонаҳояш интихоб карда буданд, барои ҳарчи зудтар соҳиби хона шудан умедвор намудааст.