Навори видеоии латукӯби як духтар аз сӯи кормандони пулиси ахлоқ ба вокуниши чанд тан аз мақомҳои Ҷумҳурии исломии Эрон рӯбарӯ шуд ва мавҷе аз вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай дошт.
Дар навори видиоие, ки нахустин бор дар канали "Телеграм"-и яке аз корбарон бо номи Масеҳ Алинажод таҳти унвони "Чаҳоршанбеҳои сафед" мунташир шуд, кашмакаши лафзӣ байни як духтари ҷавон бо чанд корманди пулиси ахлоқ дида ва шунида мешавад, ки ногаҳон ҳадди ақал яке аз кормандони зан ба сӯи духтар ҳамла мекунад ва ин духтар беҳолу бемадор рӯи замин меафтад.
Дар ҳоли ҳозир Эрон танҳо кишваре аст, ки "риояи ҳиҷоб" барои тамоми занон, ҳатто занони ғайри мусалмонон ё хориҷӣ, дар он ҳатмӣ аст.
Расонаҳои Эрон рӯзи панҷшанбеи 20-уми апрел гузориш доданд, ки Абдуризо Раҳмони Фазлӣ, вазири умури дохилии он кишвар хостори таҳқиқ дар бораи ин ҳодиса шудааст. Бо ин ҳол, пулиси Эрон бо ибрози таассуф аз ин ҳодиса, аз занон хотааст, ки қоидаҳои иҷтимоиро риоят кунанд.
Ба гузориши хабаргузории нимарасмии "Тасним", дафтари сухангӯи нерӯҳои интизомии Эрон бо ишора ба ин, ки "чунин рафторҳоеро таъйд намекунад, гуфтааст, "тибқи баррасиҳои аввалия, ин ҳодиса дар яке аз паркҳои Теҳрон рух додааст ва пулис дар ҳоли баррасии ин ҳодиса аст."
Аз сӯи дигар, Маъсума Ибтикор, муовини раиси ҷумҳури Эрон дар умури занон ва хонавода, гуфтааст, рафтореро, ки дар ин видео дида мешавад, маҳкум мекунад ва онро "хашин ва ғайридинӣ" медонад. Шаҳиндухт Мавловардӣ, ёвари вижаи раиси ҷумҳури Эрон дар умури ҳуқуқи шаҳрвандӣ ҳам интишори ин наворро далеле ба "зарурати тағйири фаъолияти ниҳодҳои фарҳангӣ ва интизомӣ" донистааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тайи рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа вокуниши густурдае ба ин видео доштанд ва аз ҷумла дар бораи хушунати бештар дар маҳалҳое, ки дурбин вуҷуд надорад, ибрози нигаронӣ карданд.
Интишори навори нав ҳудуди чиҳил рӯз пас аз суханронии раҳбари Ҷумҳурии исломӣ сурат мегирад, ки духтарони эътирозгар дар Хиёбони Инқилобро "фиребхӯрда" хонда ва ҳаракати онҳоро "ҳақир" ва натиҷаи "таблиғоти пурҳаҷми душманон ва масрафҳои саросемаовари онҳо" дониста буд.
Дар моҳҳои ахир шуморе аз занон дар иқдоме, ки ба "Духтарони хиёбони инқилоб" маъруф шуд, бо барафроштани рӯсарии худ дар ҷойҳои умумӣ, ба ҳиҷоби иҷборӣ ва нобаробариҳои ҷинсиятӣ, эътироз кардаанд. Ин эътирозҳо то ба ҳол сабаби боздошти беш аз 35 нафар зан шудааст
Дар ҳоли ҳозир Эрон танҳо кишваре аст, ки "риояи ҳиҷоб" барои тамоми занон, ҳатто занони ғайри мусалмонон ё хориҷӣ, дар он иҷборӣ аст.