Бино ба хулосаҳои ибтидоӣ, сӯхтор дар бозори “Cултони Кабир”-и Душанбе аз “расиши ноқилҳои барқ” сар задааст. Дар сӯхтори шаби 2-юми июн беш аз 21 дӯкон ва анборҳои ин бозор ба коми оташ рафт.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми июн гуфт, то ба ҳол натиҷаи ниҳоӣ маълум нест. “Аммо тибқи хулосаҳои ибтидоӣ, сӯхтор аз ҳисоби расиши ноқилҳои барқ оғоз шудааст. Ҳоло кумисюни махсус сабабҳои сар задани сӯхторро таҳқиқ дорад. Хулосаи ниҳоиро кумисюн эълон мекунад”, - афзуд ӯ.
Кумисюни вижае, ки аз тарафи ҳукумати шаҳри Душанбе ташкил шудааст, бояд ҳаҷми зарари расидаро низ муайян кунад.
Бо гузашти ду рӯз аз сӯхтор ҳанӯз ҳам аз дӯконҳо боқимондаи сӯхтор ва таҷҳизотро берун мекунанд. Атрофи бозорро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иҳота кардаанд ва шахсони бегонаро намегузоранд, ки наздик шаванд. Масъулони бозори “Султони Кабир” ҳам иҷозат надоданд, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ба бино ворид шуда, бо соҳибкорон суҳбат кунанд.
Шаҳрдори Душанбе ба масъулони бозори “Султони Кабир” як ҳафта муҳлат додааст, ки дӯконҳои харобшударо бунёд ва ба соҳибонашон супоранд.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад