Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Тахори Афғонистон мегӯянд, дар амалиёти чархболҳои Тоҷикистон дар фазои ҷангали “Кӯҳнахона” дар қарияи Тоҳирии ноҳияи Дарқади Тахор шаш ҷангии гурӯҳи “Толибон” кушта ва нӯҳ тан захмӣ шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ намекунанд. Шоми 27 август сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба саволи ин ки то куҷо хабарҳо дар бораи бомбаборон шудани минтақаи марзии Афғонистон аз ҷониби Тоҷикистон ба ҳақиқат наздик аст, гуфт:
"Тасдиқ карда наметавонем. Айни замон дар ин ҳодиса аз ҷониби қӯшунҳои сарҳадии хизматчиёни ҳарбии минтақаи Ҳамадонӣ корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба муайян ва дастгир кардани гурӯҳи силоҳбадастон рафта истодааст. Аммо чархбол аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ истифода бурда нашудааст".
Улуғхоҷаев гуфт, ки ин мавзӯъро шарҳ намедиҳад.
Мақомоти марзбонӣ гуфтанд, ки афроди силоҳбадасти ношиносе рӯзи 26 август ба таври ғайриқонунӣ марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур карда дар роҳ ба сӯи мошини шаҳрвандони Тоҷикистон оташ кушоданд. Дар натиҷа, ду нафар кушта ва як нафар захмӣ шуд. Бархе манбаъҳо ҳамлагаронро аъзои Толибон номиданд.
"Кӯҳнахона" бамборон шуд
Халил Асир, сухангӯи пулиси вилояти Тахор рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи маълумоти хадамоти иктишофӣ амалиёти чархболҳои тоҷик шаби гузашта ва соати 7-и субҳи 27 август сурат гирифтааст. Ба иттилои Халил Асир, дар ин ҳодиса шаш узви Толибон кушта ва 9 нафари дигар захмӣ шуданд.
Ба иттилои марзбонӣ, ҷустуҷӯи гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, ки шуморашон 10-12 нафар буда метавонад, идома дорад.
Ӯ гуфт: "Дар ин ҷангал "Толибон" ҳамроҳ бо кочоқбарон пойгоҳ дуруст карда буданд. Он ҷо мулкиҳо зиндагӣ надоштанд. Мо марги Толибонро аз органҳои кашфӣ дастрас кардем. Онҳо ҳамин рӯз барои мо ҳисобот доданд”.
Ба гуфтаи Халил Асир, Толибон ба хотири интиқоли маводи мухаддир дар ин ҷангал пойгоҳ дуруст карда буданд.
Аҳмадҷавод Ҳиҷрӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Тахори Афғонистон низ амалиёти чархболҳои Тоҷикистонро тасдиқ кард, вале гуфт, дар бораи талафот хабар надорад.
“Як ҷангали муштарак байни Тоҷикистону Афғонистон бо номи “Кӯҳнахона”, наздик ба қарияи Тоҳирӣ, ки марбути улусволии Дарқади Афғонистон аст, бамборон шуд. Ин ҷо ба макони мухолифини мусаллаҳ ва қочоқбарони маводи мухаддир табдил ёфтааст. Ҳамла соати 7-и субҳ сурат гирифт. Ҳанӯз дар бораи талафот маълумоти дақиқ нагирифитам”, - гуфт Аҳмадҷавод Ҳиҷрӣ.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон тасдиқ кард, ки дар марз бо Тоҷикистон миёни қочоқбарон ва марзбонон задухӯрд ба амал омад. Дар паи ин минтақа бомбаборон шуд. “Мо ин ҳодисаро мавриди омӯзиш қарор додем. Ҷангиёни Толибон иҷоза надоранд, ки бо кишварҳои ҳамсоя вориди задухӯрд шаванд”. Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон дар ин заамина изҳори назар накардаанд.
Тоҷикистон: "Хабар надорем"
Сулаймон Вализода, раиси ноҳияи Фархор рӯзи 27-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз амалиёт тариқи чархбол дар марз хабар надорад. Аммо гуфт, дар ҳодисаи рӯзи гузашта сокинони оддӣ кушта шуданд.
Ӯ гуфт:“Кормандони хоҷагии ҷангал ва кормандони хоҷагии зотпарварии Ҳисор тариқи ду мошин барои алафдаравӣ рафта буданд. Онҳо иҷозати расмӣ доштанд. Ин ҳодиса шуд ва ду нафар ба ҳалокат расид. Ноҳия тинҷу ором аст. Мақомоти дахлдор тафтиш мекунанд,” - гуфт.
Марзбонии Тоҷикистон: Ҷустуҷӯи силоҳбадастон идома дорад
Дар изҳороти мақомоти марзбонии Тоҷикистон рӯзи 27 август ҳодиса дар марз кори дасти гурӯҳи мусаллаҳи ношиносе унвон шудааст. Дар изҳороти дафтари матбуоти нирӯҳои марзбонии КДАМ гуфта мешавад, ки рӯзи "26 август тахминан соати 15:00 дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ”, ки марзи ноҳияи Фархор бо Афғонистон мебошад, аз ҷониби гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, иборат аз 10-12 нафар ба масофаи 50-100 метр аз соҳили дарёи Панҷ сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шуданд".
Дар пай силоҳбадастон ба мошини “Нива”-е ҳамла карда ба сӯи се мусофири он оташ кушоданд. Ба иттилои расмӣ, дар ҷои ҳодиса корманди хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов (соли таваллуд 10.02.1956, истиқоматкунандаи н.Фархор) ва кормандони зотпарварии “Ҳисор” Давлат Сангинов (20.03.1958), ки дар асосӣ иҷозатномаи махсус барои ҷамоварии хӯроки чорво машғул буданд, ба ҳалокат расиданд.
Нафари сеюм Сафархон Раҳмонов (26.08.1992, истиқоматкунандагони ҷамоати Ҳисори н. Фархор) ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадӣ фирор карданд. Ба иттилои марзбонӣ, ҷустуҷӯи гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон идома дорад.
"Ҳамла кори Толибон аст"
Аз ин пеш, мақомоти марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки тибқи маълумоти фаврӣ, ҳамлаи рӯзи 26-уми август ба ҷангалбонони тоҷик дар ҳудуди ноҳияи Фархор воқеъ дар марз бо вилояти Тахори Афғонистон, аз сӯи Толибон сурат гирифтааст. Як манбаъ аз Раёсати марзбонии Тоҷикистон рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҷангалбонҳое, ки ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд, иҷозаи расмии фаъолият доштанд ва барои ҷамъоварии алафу хошок рафта буданд, "вале аз ҷониби Толибон бо як амали иғвоангезӣ, мавриди оташкушоӣ қарор гирифтаанд".
Ин манбаъ афзуд, санҷиши ибтидоӣ маълум кардааст, ки Толибон аз силоҳи "Калашников" ва миномёт истифода кардаанд. "Ба фарқ аз минтақаи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), ки кӯҳсор аст, дар мавзеи Фархор дар ҷое, ки ин ҳодиса рух додааст, ҳамворӣ аст ва онҳо оташкушӣ кардаанд", - афзуд ин манбаъ.
Мақомоти вилояти Тахор ҳам таъйид карданд, ки минтақае, ки аз онҷо ба сӯи ҷангалбонони тоҷик тирандозӣ сурат гирифт, дар ихтиёри гурӯҳи Толибон қарор дорад.
Субҳи 27-уми август ҳайате аз мақомоти баландояи интизомӣ аз Душанбе тавассути ду чархбол ба Фархор рафтаанд. Гуфта мешавад, ки вазири умури дохилӣ ва раиси КДАМ низ дар ҳоли ҳозир дар Фархор қарор доранд.
Ҷасади кушташудаҳоро ба бемористони Фархор овардаанд
Ҷасади ду сокини кушташудаи ноҳияи Фархор дар наздикии марз бо Афғонистон барои ташхис ба бемористони марказии ин ноҳия оварда шудааст. Манбаи Радиои Озодӣ шоми 26-уми август гуфт, таҳқиқи ибтидоӣ нишон додааст, ки "ин афрод бо пулемёти Калашников ҳадаф қарор гирифтаанд".
Халил Асир, сухангӯи пулиси вилояти Тахори Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфт, тоза дар бораи ҳамла иттилоъ гирифтаанд.
"Ҳанӯз таҳқиқ ниҳоӣ нашудааст ва мақомот тамоми фарзияҳоро баррасӣ доранд. Ин ҷасадҳо ба бемористон оварда шуданд, то аввал пурра ташхис шуда, баъдан ба наздиконашон супурда шаванд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Дар ҳамин ҳол, пизишкони бемористони ноҳияи Фархор ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз нафари захмӣ ба бемористон оварда нашудааст.
Ҳамла ба 3 сокини Фархор дар наздикии марз
Баъд аз зуҳри 26-уми август як "Нива"-и ҳомили се сокини ноҳияи Фархор дар наздикии марз бо Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Як манбаи муътамад дар идораҳои интизомии ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи он ду нафар кушта ва як тани дигар захмӣ шудаанд.
Радиои Озодӣ ному насаби афроди кушташуда ва захмиро дастрас кард. Манбаъ гуфт, дар ин ҳамла Саидов Амирхон Амирович, соли таваллуд 1965, сокини деҳаи Якуми май, ҷамоати 20-солагии Истиқлолият ва Сангаков Давлат Раҷабович, соли таваллуд 1958, сокини деҳаи Марғзор, ҷамоати Ғалаба кушта шуда, Раҳмонов Сафархон Бӯрихонович маҷруҳ шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Кокул" баста шуд. Толибон гузаргоҳи Ойхонумро "гирифтаанд""Инҳо ҷангалбон буданд"
Ҳамсуҳбати мо дар ниҳодҳои интизомии ноҳияи Фархор гуфт, ки "инҳо ҷангалбон буданд ва аз он тараф ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Ҳоло таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст ва мақомот маълум мекунанд, ки кори дасти кадом гуруҳ аст".
Яке аз наздикони Амирхон Саидов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ "ҷангалбон буд ва мегӯянд, барои алафдаравӣ ба наздикии марз рафтааст".
Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ва нирӯҳои кишвар дар маҳалли ҳодиса ҳастанд. Бархе аз сокинони ноҳияи Фархор низ гуфтанд, ки дар роҳҳои ноҳия теъдоди зиёди маъмурони пулис гузошта шуда, парвози чархболҳо мушоҳида мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Хонаи Давлатмоҳ меларзад. Дар он сӯи марз чӣ мегузарад? ВИДЕО"Нав хабардор шудем"
Халил Асир, сухангӯи пулиси вилояти Тахори Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфт, тоза дар бораи ҳамла иттилоъ гирифтаанд. Ӯ гуфт, ҳоло дақиқ намедонанд, ҳамла аз сӯи кӣ сурат гирифтааст. "Вале он минтақае, ки ҳамла сурат гирифтааст, дар дасти Толибон қарор дорад", - афзуд ӯ.
Баҳори имсол Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар як нишаст дар Душанбе аз хатари афзояндаи ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистон изҳори ташвиш кард. Ӯ гуфта буд, дар ҳудуди Афғонистон ва дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон 7 ҳазор ҷангҷӯи Толибон ҷамъ шудааст
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, ки аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Э.Раҳмон: Ҷангҷӯёни тоҷик аз Ироқу Сурия ба Афғонистон рафтаанд. ВИДЕО, АКС