Марги Фотима Раҳбар бар асари вируси хатарнок дар Эрон

Фотима Раҳбар

Расонаҳои Эрон рӯзи 7-уми март гузориш доданд, ки узви Маҷлиси ин кишвар Фотима Раҳбар баъди гирифтор шудан ба коронавирус даргузашт.

Эрон баъди Чин яке аз кишварҳоест, ки дар онҷо вируси хатарноки COVID-19 зиёд паҳн шудааст.

Киёнуш Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, рӯзи 7-уми март гуфт, то ин дам беш аз 5 ҳазору 800 нафар ба ин вирус олуда шуда, 145 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Фотима Раҳбар намояндаи Теҳрон ба қарибӣ узви порлумон интихоб шуда буд. Ин намояндаи дувуми Маҷлис аст, ки бар асари коронавирус фавтидааст.

Эрон ба хотири пешгирӣ аз вирус дари мактабу донишгоҳҳоро баста, маъракаҳои муҳими варзиширо ба таъхир андохтааст.

Коронавирус, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин кашф шуд, то кунун боис ба марги беш аз 3300 нафар дар ҷаҳон шуд. Аксари қурбониён дар Чин ҳастанд.