Алиакбари Вилоятӣ ба коронавирус мубтало шуд

Алиакбар Вилоятӣ бо Алии Хоманаӣ.

Хабаргузориҳои Эрон рӯзи панҷшанбеи 12-уми март хабар доданд, ки Алиакбар Вилоятӣ, мушовири байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба вируси корона гирифтор шудааст ва ҳоло дар ҳолати карантин қарор дорад. Робитаҳои умумии Бемористони Масеҳи Донишварӣ, ки раёсати онро Алиакбари Вилояӣ ба ӯҳда дорад, дар хабарномае гуфтааст, "вазъияти умумии ӯ хуб ва рӯ ба беҳбудӣ аст".

Бемористони Масеҳи Донишварӣ сабаби гирифтории Алиакбари Вилоятӣ ба коронавирусро "анҷоми корҳои вобаста бо муқобила бо вируси корона" ва "анҷоми фаъолиятҳои рӯзона дар баробари табибон ва ҳамшираҳои шафқат", гуфтааст.

Дар рӯзҳои ахир бархе дигар аз сиёсатмадорон ва мақомҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ба вируси корона гирифтор шуданд ё даргузаштанд. Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон ва Маъсума Ибтикор, муовини дигари президент дар умури хонавода, аз ҷумлаи мақомоти баландпояи эронӣ ҳастанд, ки ба ин беморӣ гирифтор шуда ва дар карантин ба сар мебаранд.

Чанд вакили порлумони Эрон ва низ дипломатҳои собиқи ин кишвар бар асари вируси корона ҷон бохтаанд.

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки то рӯзи панҷшанбеи 12-уми март дар ин кишвар 429 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохта, беш аз 10 ҳазор ба ин беморӣ мубтало шудаанд.