Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки бо ҳадафи таъмини бештари амният дар шаҳри Кобул ҳаракати мотосиклу скутерро манъ мекунанд. Рӯзи 14 апрел Тариқ Ориён, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки аксар ҷиноятҳо, аз ҷумла кушторҳои ҳадафмандона бо истифода аз мотосиклҳо анҷом мешавад. Дар Кобул истифодаи мотосиклу скутер бисёр маъмул аст. Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки дар сурати вайрон кардани ин қоида василаи нақлиёт мусодира мешавад. Монеаи нав барои кормандони бахши хидматрасонӣ сабукӣ медиҳад, чун бо паҳншавии коронавирус эҳтиёҷи сокинон ба таҳвил ё интиқоли молу маҳсулот афзудааст. Як корманди амниятӣ ба Франс Пресс гуфтааст, ки аксар ҳамлаву ҷиноятҳоро савори мотосиклҳо аъзои Толибон анҷом медиҳанд. Вазорати беҳдошти Афғонистон гуфт, ки дар ин кишвар 714 нафар ба коронавирус олуда шуда, марги 23 нафар бар асари Ковид-19 тасдиқ шудааст.