Мақомоти Қазоқистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки омори гирифторони коронавируси нав ва илтиҳоби шуш (пневмония)-ро якҷо ҳисоб кунанд
Ин дар ҳолест, ки аз аввали сол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фавт аз илтиҳоби шуш афзоиш ёфтааст. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки илтиҳоби шуш ҳамон коронавирус аст.
Алексей Тсой, вазири тандурустии Қазоқистон 17-уми май гуфт, ки дар ним соли 2020 дар кишвар аз пневмания 3 ҳазору 327 нафар фавтидааст. Ӯ гуфт, ки дар ҳамин давраи соли гузашта аз ин беморӣ ҳазору 896 нафар фавтида буд.
“Аз охири моҳи июн гирифторони пневмания якбора дар Қазоқистон афзоиш ёфт”,-гуфт ӯ.
Омори Вазорати тандурустии Қазоқистон нишон медиҳад, ки танҳо дар моҳи июл 1,555 нафар аз пневмания фавтидаанд.
Дар Қирғизистон низ эълон карданд, ки фавт аз ҳисоби пневмания бештар шудааст.
Дар ин кишвари Осиёи Марказӣ, ки аз охири моҳи март сабти ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории ҳамагир ва илтиҳоби шуш ҷараён дорад, 323 нафар ҷон дода, 8486 нафар мубтало шудаанд.