Умедҷон Сайдуллозода, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии онлайнии Перу оид ба таэквондо дар равияи пумсэ, ки бо иштироки варзишгарони 26 кишвар доир гардид, мақоми аввалро соҳиб шуд.
Ӯ рӯзи 29-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин мусобиқа, инчунин қаҳрамонони Аврупову Осиё иштирок карданд. Имконияти хубе барои мо буд, ки таҷрибаи хуб гирем. Хушбахтона иштирок кардем ва соҳиби ҷойи якум шудем".
Пумсэ яке аз равияҳои таэквондои WTF аст. Он аз машқҳои сахт ба танзим даровардашуда иборат буда, маҷмӯи усулҳои мудофиа ва ҳамларо, ки дар ҳудуди муайян иҷро карда мешаванд, дарбар мегирад. Дар ин равия ҳарифон бо ҳам рӯ ба рӯ намешаванд ва дар алоҳидагӣ маҳорати худро ба намоиш мегузоранд.
"Аввал дар намудҳои киругӣ баромад мекардам. Синнам ба ҷое расид, аз рӯйи он ки ҳавас зиёд буд, ба намуди пумсэ гузаштам ва тамринро идома додам. Дар ин намуд ҳам баромад карда, натиҷаҳои хуб нишон дода истодаам", - гуфт Умедҷон Сайдуллозода.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба далели пандемияи коронавирус дар ҷаҳон бисёр мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ лағв ва ё ба таъхир гузошта шуданд. Федератсияҳои байналмилалии варзишӣ барои гузаронидани баъзе аз чорабиниҳои онлайнӣ, ки бо иштироки як варзишгар сурат мегиранд, иқдом карданд.
Умедҷон мегӯяд, "аз як ҷиҳат мусобиқаҳои онлайнӣ хуб аст. На ҳама варзишгарони мо имконияти берун аз кишвар рафтанро доштанд. Иштирок дар ин мусобиқаҳо қариб ройгон аст. Федератсия моро дар ин мусобиқаҳо номнавис мекунанд ва шогирдон иштирок менамоянд. Ин барои онҳо таҷрибаи хуб аст ва баъдан метавонанд берун аз кишвар рафта, натиҷаҳои хуб нишон диҳанд".
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз ин пеш Умедҷон Сайдуллозода дар мусобиқаи онлайнии Эрон, ки моҳи майи имсол бо ширкати варзишгарони 16 кишвар сурат гирифт, ҷойи сеюмро сазовор гардида, баъдан дар ду мусобиқаи онлайнии Бритониё, ки аввали моҳи июл бо иштироки намояндагони 26 кишвар баргузор шуд, мақоми чорумро ишғол кард. Рақобатҳои Перу сеюмин мусобиқа дар давраи пандемияи коронавирус барои Умедҷон буд. Ӯ байни варзишгарони аз 30 то 40-сола ҳунарнамоӣ кард.
"Мусобиқа дар се давра баргузор шуд. Дар даври аввал 24 нафар буд, мо ба даври дуюм роҳ ёфтем ва онҷо маҳорати баланд нишон дода, ба финал баромадем. Дар финал 9 нафар будем. Рақибони ман дар даври ниҳоӣ варзишгарони хуб аз Амрико, Венесуэла ва Бразилия буданд", - иброз дошт варзишгари тоҷик.
Умедҷон Сайдуллозодаи 39-сола узви дастаи мунтахаби таэквандои Тоҷикистон ва мураббии бошгоҳи варзишии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ аст. Ӯ ва шогирдонаш ба буҳрони ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, пайваста тамрин мекунанд ва ба мусобиқаҳои байналмилалие, ки баргузориашон охири имсол ва аввали соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, омодагӣ мебинанд. Варзишгарони тоҷик дар ин намуд мақсад доранд соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио шаванд, ки тобистони соли 2021 доир мегардад.