Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 6-уми октябр гуфт, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябрро бекор мекунад.
Қаблан дар як изҳороташ президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, дар сурати зарурат Комиссияи интихобот натиҷаҳои овоздиҳиро бекор ва интихоботи нав баргузор мекунад.
Бар хилофи иддаои бархе аз намояндагони мухолифон, ки мегӯянд президенти Қирғизистон қудратро аз даст додааст, рӯзи 6-уми октябр худи Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, вазъиятро дар кишвар таҳти назорат дорад.
Бо нашри изҳороте Ҷеенбеков аз мухолифони норозиаш аз натиҷаҳои интихобот тақозо кард, ки бетартибиҳои ҷамъиятиро хотима бидиҳанд. Мухолифон, ки интихоботро олуда ба тақаллуб меноманд ва хостори баргузории интихоботи нав ҳастанд, шаби 5 ба 6-уми октябр ба бинои порлумон ва дафтари президент ворид шуданд.
Дар давоми беназмиҳои шаби гузашта як нафар кушта ва 590 нафар маҷрӯҳ шуданд. Толгонай Стамалиева, сухангӯи президенти Қирғизистон бо пахши изҳороте гуфт, Ҷеенбеков “барои барқарор кардани тартибу интизом дар кишвар тамоми талошашро ба харҷ медиҳад”.
Ҷеенбеков тавассути изҳороти ҷудогонае мухолифону тарафдоронашонро ба хатми беназмиҳо даъват кард. Маълум нест, ки Ҷеенбеков ҳоло дар куҷо аст, вале сухангӯяш Толгонай Стамалиева қаблан ба АКИпресс гуфт, президент дар Бишкек аст.
Сухангӯи вазири дохилӣ гуфт, ки рӯзи 6-уми октябр вазир Қашқар Ҷунушалиев дар ҷойи кораш пайдо нашуд ва иҷрои муваққатии вазифаи вазири умури дохилиро собиқ муовини вазири дохилӣ Курсан Асанов ба дӯш гирифтааст. Асанов соли 2019 аз мақомаш барканор шуда буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад