Манобеъ: "Маҳбусони парвандаҳои пурсарусадо шомили афв нашуданд"

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, миёни 378 маҳбусе, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон авф шуданд, номи маҳбусоне шомил нашуд, ки ба гуфтаи пайвандонашон "бо ангезаҳои сиёсӣ" дар зиндон ҳастанд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ борҳо аз Тоҷикистон талаб кардаанд, ки Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов ва аъзои боздошшудаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро озод кунад. Вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, номи ҳеч яке аз ин афрод дар рӯйхати афвшудаҳо шомил нашудааст, чун бисёри онҳо аз президент талаби бахшиш накардаанд.

Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озод кардани 378 маҳбус рӯзи 30-юми октябр ва думболи савгандёдкунии ӯ сурат гирифт. Дафтари матбуотии президент гуфт, маҳбусон "дар асоси принсипҳои инсондӯстона ва ғамхорӣ ба оилаву кӯдакон" афв шуданд.

Ба ҷуз аз нашри фармони раиси ҷумҳур, мақомот дар ин замина ҳеҷ шарҳи расмӣ, аз ҷумла рӯйхати пурраи маҳбусони озодшударо нашр накардаанд. Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми ноябр барои гирифтани шарҳи бештар ба Додситонии кулл бо нома муроҷиат кард ва мунтазири посухи ин ниҳод аст.

Аммо ду манбаи мӯътамади Радиои Озодӣ дар Идораи зиндонҳо ва Додситонии кулл, ки бо ин рӯйхат шинос шудаанд, гуфтанд, дар он номи Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов ва аъзоёни боздошшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ нест.

Зайд Саидов соли 2013, Бузургмеҳр Ёров ва аъзои баландпояи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ соли 2015 боздошту ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Мухолифон ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ онҳоро маҳбуси сиёсӣ ном мебаранд. Вале мақомоти Тоҷикистон вуҷуди зиндониёни сиёсиро рад карда гуфтаанд, ин афрод барои содир кардани ҷиноятҳои мушаххас дар зиндон ҳастанд.

Як манбаъ дар Идораи зиндонҳо гуфт, се шарти асосии ворид шудан ба рӯйхати шахсоне, ки мавриди бахшиши раиси ҷумҳур қарор мегиранд, ин "иқрор ба гуноҳ, пушаймонӣ ва талаби бахшиш аз президент аст". Ҳол онки наздикони Бузургмеҳр Ёров ва бархе аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ қаблан гуфтаанд, ин нафарон худро бегуноҳ медонанд.

Ба фарқ аз Бузургмеҳр Ёров, наздикони Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Гвардияи миллӣ мегӯянд, онҳо пештар аз президент талаби бахшидани ин генерали собиқро кардаанд, аммо ҳоло намедонанд, ки номи ӯ ба рӯйхати афшудаҳо шомил шудааст, ё не. Мирзоевро соли 2004 боздошт ва бо иттиҳомҳои сангин ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Худи ӯ ва наздиконаш ин ҳукмро сангин меҳисобанд.

Наздикони бархе маҳкумшудаҳои дигар гуфтанд, умед доштанд, ки фарзандони онҳо бо бахшиши раиси ҷуҳур аз зиндон раҳо мешаванд. Умеде, ки зоҳиран барбод рафт.

Хосият Рӯзиева яке аз онҳо аст. Фарзанди ӯ ба гуфтаи худаш, аввали имсол бо иттиҳоми дуздӣ боздошт ва ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Рӯзиева гуфт, ӯ бидуни шавҳар 6 фарзандро бузург мекунад ва писари калониаш аз ниҳояти тангдастӣ маводи ғизоӣ дуздидааст. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, чанд моҳ пеш аз писараш хоста буд, ба президент барои бахшиш мактуб нависад.

"Имрӯз назди маҳбас рафтам, гуфтанд, ки нимашро ҷавоб додем. Пурсидам, ки писари ман чӣ, гуфтанд, ки писарат дар рӯйхат ворид нашуд. Ман чӣ кор кунам, намедонам. Ин писари калонам буд. Худам беморам. Аз гаштан дар нисфишаб бо кӯдакони хурдсол барои пайдо кардани нон хаста шудам. Намедонам шиками кӯдаконамро сер кунам ё ба писарам ба зиндон хӯрок барам?"-мегӯяд Хосият Рӯзиева.

Тибқи охирин хабарҳо, аллакай бархе аз маҳбусоне, ки шомили бахшиши раиси ҷумҳур шуданд, аз зиндон раҳо гаштаанд.

Дар Тоҷикистон ҳанӯз аз чанд соли қабл тартибе амал мекунад, ки ҳар як зиндонӣ, новобаста аз мӯҳлати ҷазо ва ҷинояти содиркардааш, ҳақ дорад дар давоми як сол як маротиба тавассути маъмурияти зиндон ба номи президент ҷиҳати бахшиши ҷазояш дархост фиристад.

Комиссияи таҳти роҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода аризаи ҳар маҳбусро баррасӣ карда, салоҳият дорад, ки ба унвонии раисҷумҳур пешниҳоди бозбинӣ шудани ҳукми маҳкумшударо ироа кунад. Дар ниҳоят худи президент тасмим мегирад, ки пешниҳоди ҳуқуқшиносону мақомдорони аъзои комиссияро бипазирад ё на.