Мақомот сабаби ду таркиш дар ноҳияи Рӯдакиро шарҳ доданд

Кормандони Хадамоти отшанишонӣ ҳангоми кор. Акс аз бойгонӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда эълон кард, ки сабаби ду инфиҷор дар манзили зисти сокинони ноҳияи Рӯдакиро маълум кардааст.

Дар инфиҷори рӯзи 4 ва 5-уми декабр дар деҳаи Маърифати ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ як нафар ба ҳалокат расида, панҷ нафари дигар захмӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар як хабарнома рӯзи 7-уми декабр гуфт, ки сабаби таркиш аз балони газе, ки сокинон истифода мекунанд, набудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, таркиш “аз қубури гази табии диаметраш 325 мм будааст, ки фаъолияти Маркази гармидиҳию барқии шаҳри Душанберо таъмин менамояд”.

“Ин қубур иттифоқан аз назди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон мегузарад ва ба кадом сабабе он сӯрох гардидаву вориди хонаҳо шуда ва сабабгори таркиш шудааст”,-гуфта шудааст, дар хабарномаи Кумита.

Қаблан иттилоъ нашр шуда буд, ки таркиш аз балони гази табиӣ, ки сокинон истифода мекунанд, рӯх додааст.

Дар ин ҳодиса Алиқул Ҳасанов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳалок шуда, панҷ тани дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф ба беморхона интиқол ёфтаанд.