Президенти Узбекистон фармони авфи 104 зиндониро имзо кард

Зиндони шаҳри Бухоро. Акс аз бойгонӣ.

Бахшида ба 28-солагии қабули Конститутсия, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармони авфи 104 сокинеро имзо кард, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд.

Аз ин шумор 6 тан комилан аз адои ҷазо озод, 50 тани дигар пеш аз муҳлат аз зиндон раҳо мешаванд ва ҷазои 7 тани дигар сабук мегардад.

Ба илова, муҳлати ҳабси 41 тани дигар кам карда мешавад.

Миёни касоне, ки дар авф дохил шудаанд, 13 шаҳрванди хориҷӣ, 9 марди аз 60-сола боло, 1 зан, 21 каси дигар, ки дар созмонҳои мамнуъ аъзо буданд, шомил ҳастанд.

Дар соли ҷорӣ ин бори чаҳорум аст, ки Мирзиёев фармони авф имзо мекунад.