Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, рӯзи 24-уми декабр 78-сола шуд. Пайвандонаш гуфтанд, ба сабаби бемории ҳамагир чанд вақт боз аз хона берун намешавад ва дар маҳфилҳои мардум низ ҳунарнамоӣ намекунад.
Муродов дар рӯзи таваллуд ва остонаи соли нави милодӣ бо фиристодани наворе ба Радиои Озодӣ аз чолишҳои соли 2020 ҳарф зад. Ӯ гуфт: "Умеди зиёд доштем, ки ҷангҳо дар ҷаҳон поён меёбанд ва соли сулҳ мешавад, аммо, сад афсӯс, оғози сол мушкилиҳои зиёд овард. Шахсиятҳои олиҷанобро аз даст додем. Умед дорам, дар соли нав аз беморӣ нишоне намемонад", -- афзуд ӯ.
Ҷӯрабек Муродов, инчунин, дар паёмаш ба ҳаводорон ваъдаи пешниҳоди барномаи навро кардааст: "Ба сабаби бемории коронавирус ҳашт моҳ мешавад, ки дар ягон маърака ширкат накардам ва аз наздик бо мухлисон дидор надоштам. Сахт пазмони мухлисон шудам. Ҳоло дар хона пайи тамрину эҷоди сурудҳои нав ҳастам."
Овозхони шинохтаи тоҷик соли 1942 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Аз соли 1963 то соли 1992 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор карда, аз соли 1990 то 1995 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам буд. Ҳоло роҳбарии дастаи "Нури Хуҷанд"-ро ба уҳда дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҷӯрабек Муродов: "Ягон бор барномаи ройгон баргузор накардаам". ВИДЕО"Шоми дӯстӣ" -- ҳунармандон чӣ гуна интихоб шуданд? ВИДЕОҶӯрабек Муродов: “Аввал – Худову баъд – халқ” ВИДЕОҶӯрабек Муродов: Дар Узбакистон пазмони равуои бештар бо ТоҷикистонандҶонибек Муродов: “Гурезагиву сарсониро дар ёд дорам”Ҷӯрабек Муродов: "Худо ба ҳама инсоф ва адолат диҳад"Ҷӯрабек Муродов дар меҳмонии Ҳулио Иглессиос. ВИДЕОҶӯрабек Муродов: "Як камбудии мо маҳалгароист..."Ҷӯрабек Муродов: "Ҳанӯз ба фикри синнусол нестам..."