Комроншоҳ дар аввалин рақобати худ дар сабқати ҷудои Олимпиадаи Токио мағлуб шуд

Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, ки субҳи имрӯз, 28-уми июл, дар Олимпиадаи Токио дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум шуруъ кард, аз Аксел Клергети фаронсавӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Зимнан, Клергети 34-сола дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило нисбат ба Комроншоҳи 28-сола панҷ зина боло, дар ҷойгоҳи 17-ум, қарор дорад. Дар ин вазн 33 гуштигир барои ҷоизаҳо талош меварзанд.

Ин чорумин рақобати ҳарду дар мусобиқоти бузурги байналмилалӣ ба шумор мерафт. Дар се қувваозмоӣ паҳлавони фаронсавӣ пирӯз шудааст ва танҳо дар як рақобат гуштигири тоҷик ғолиб омадааст.

Комроншоҳи Устопириён севумин паҳлавони тоҷик аст, ки дар Олимпиадаи Токио ноком шуд. Аз ин пеш Сомон Маҳмадбеков, ки дар ду даври муқаддамотии сабқати ҷудо дар вазни то 73 кило бар Аҳмад Аликай аз тими паноҳандагон ва Файе Нҷие аз Гамбия пирӯз шуда буд, дар даври севум аз Рустам Оруҷеви озарбойҷонӣ шикаст хӯрд.

Баъдан Акмал Муродов дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 81 кило бар Ҷоштер Эндрю аз Гуам пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Тато Григалашвилии гурҷӣ мағлуб гашт.

Боз як паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов 30-юми июл вориди рақобат мешавад. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Аз миёни муштзанҳои тоҷик Баҳодур Усмонов, ки дар даври муқаддамотии сабқати бокс дар вазни то 63 кило бар Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, рӯзи 31-уми июл дар даври баъдӣ бо Элнур Абдураимов, варзишгари қазоқтабори узбекистонӣ, рақобат хоҳад кард.

Қаблан муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило аз Даксианг Чен аз Чин бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашта буд.

Боз як муштзани тоҷик - Сиёвуш Зуҳуров - рӯзи 29-уми июл дар вазни беш аз 91 кило қувваозмоӣ хоҳад кард. Рақибаш Мурод Алиев аз Фаронса мебошад.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов - дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод рӯзи 30-юми июл ба рақобат мепардозанд. Илдар Аҳмадиев бошад, рӯзи 31-уми июл дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар даври муқаддамотӣ рақобат хоҳад кард.

Ҳамин тариқ, дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ аз даҳ варзишгари тоҷик чаҳор нафар – Шаббос Неъматуллоев (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён (ҳарсе дар риштаи ҷудо) - сабқати худро бидуни медал ба анҷом расониданд.

Як нафар – Баҳодур Усмонов (бокс) – пас аз як пирӯзӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Боз панҷ нафари дигар – Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов (ҳарду – шиноварӣ), Илнур Аҳмадиев (варзиши сабук) ба сабқат омодагӣ мебинанд.

Бояд гуфт, ки се варзишгари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок карда буданд. Ҳафт нафари дигар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.