Арзёбиҳо аз ҳунари Шабнами Сурайё дар рӯзи таваллудаш. ВИДЕО

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё, овозхони баҳсбарангезу пуровозаи тоҷик, ки баробар бо тарафдорону ошиқони ҳунараш мунаққидони зиёд дорад, 14-уми октябр 40-сола шуд.

Онҳое, ки ӯро хуб мешиносанд, дар тасвири хислатҳои касбӣ ва инсониаш аз вожаҳои "ҷасур", "қолабшикан", "инсони комил" ва як намунаи боризи фаъолият ва пешрафти занони шарқӣ ёд мекунанд. Танқидгаронаш ӯро ба таваҷҷуҳи беш аз ҳад ба тағйири чеҳраву бозхонии таронаҳои маъруф ва рафторҳои такондиҳандааш гунаҳкор мекунанд.

Ӯ ба матбуот зиёд мусоҳиба намедиҳад, ҳаёти шахсиашро пинҳон медорад, вале айни замон яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буда, саҳифаи Инстаграмаш беш аз як миллион пайрав дорад.

Вақти бештари ӯ дар сафарҳои ҳунарӣ мегузарад ва яке аз овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистон дар фазои мусиқии форсизабон дар Ғарбу Аврупост. Соли 2018 бо пешниҳоди Созмони Милал ба ҳаракати байналмилалии "Ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории сил" пайваст ва дар Ню-Йорк аз Тоҷикистон намояндагӣ кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шабнами Сурайё дар Ню-Йорк: "Алайҳи сил мубориза мебарам"

Шабнами Сурайё аз ангуштшумор сокинони Тоҷикистон аст, ки бар хилофи расму қоидаҳои қабулшуда номи модарашро ба насаб ё фамилияи худ пазируфтааст. Соли 2014 Ҳаҷҷи умраро анҷом дод ва аз ҳамлаҳои бархе ҳамватанон ҳарчанд нороҳат шуд, вале гуфт: "Танҳо Худованд қазоват мекунад, ки кӣ дӯзахиву кӣ биҳиштист."

Аз "Лапари Шабнам" то Big Apple Awards

Шабнами Сурайёро “гули худрӯй” ҳам меноманд, ки на дар мактаби касбии мусиқӣ, балки дар фазои ҳунарии модараш, овозхон Сурайё Қосимова, бузург шуда, ба як ситораи ҳунар табдил шуд.

Худи Шабнам ва ё модараш барои суҳбат бо Радиои Озодӣ омода нашуданд. Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР” ва аз дӯстони хонаводагии Сурайё Қосимова, мегӯяд, Шабнам дар шаҳри Кӯлоб бузург шуда, аз хурдсолӣ ба рақсу суруд дилгарм буд. Дар шабакаи YouTube навореро аз соли 1994 гузоштаанд, ки дар он овозхониву рақси Шабнами 13-сола дар саҳна бо модараш тасвир ёфтааст.

Сайёфи Мизроб

Сайёфи Мизроб мегӯяд, Шабнамро ҳангоми мактабхонӣ, дар 15-16-солагиаш, ҳамчун як ҳунарманди ҳаваскори пурҳунар мешинохтанд ва "Лапари Шабнам" ном барномааш барои сокинони маҳаллӣ хотирмон будааст. Ба қавли Сайёфи Мизроб, Шабнам ба хонаводаи яке аз қумандонҳои маъруфи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Чоловҳо арӯс шуд ва аз ин издивоҷ духтаре ба дунё овард.

Дар як суҳбати ғайрирасмӣ Сурайё Қосимова ба Радиои Озодӣ гуфт, "зиндагии хуб доштанд, хушбахт буданд", вале зиёд ҷузъиёт надод ва худи Шабнам ҳам аз ин паҳлӯи зиндагиаш бо матбуот ҳеч гоҳ суҳбат накардааст.

Ба ҳар сурат, маҳз баъди бозгашт ба хонаи модар корномаҳои мусиқии Шабнам шурӯъ шуд.

Шабнамро доираи васеи тамошобинон дар Тоҷикистон аз оғози солҳои 2000-ум тавассути телевизиони давлатӣ шинохтанд. Соли 2006 ӯ бо иҷрои таронаи "То туро дидам" дар ҷашнвораи мусиқии “Садои Осиё” дар Алматои Қазоқистон дар хотирҳо монд ва соле баъд дар озмуни мусиқии "Овозхони нави Осиё" дар Шонгҳойи Чин ҷоизаи "Маҳбуби тамошонинон"-ро ба даст овард.

Солҳои баъдӣ яке аз иштирокдорони доимии ҷоизаи мусиқии форсизабонони Big Apple Awards дар Амрикову Олмон шудааст. "Шабнамро дӯст надошта намешавад", -- мегӯяд Сайёфи Мизроб. "Ӯ бо ин ки бисёр духтари боғурур ва фарҳангӣ аст, хеле инсони хоксор ҳам ҳаст", "дасти кушод дорад" ва "ҳар як ҳунарнамоиаш аз Хоруғ то Душанбе бо аншлаг тамом мешавад".

Дар "рӯйхати сиёҳ", вале намунаи муди духтарони тоҷик

Бо ин ҳама маъруфияташ солҳои охир пойгоҳи асосии муаррифии таронаҳои Шабнами Сурайё шабfкаи интернетии YouTube гардидаааст. Ба мушоҳидаи тарафдоронаш, давоми тахминан 6-8 соли охир ҳунарнамоии Шабнам дар телевизионҳои давлатӣ ва ё консертҳои расмӣ, ки барои ҳунармандони тоҷик баробар бо эътибору шинохти онҳо дар сатҳи баланди давлатӣ мебошад, ба чашм намерасад.

Баъзе аз ҳунармандон ба вуҷуди ба истилоҳ "рӯйхати сиёҳ"-и ҳунармандоне ишора карданд, ки аз ҷониби баъзе аз мақомоти тасмимгиранда тартиб дода шудаанд. Вале мақомоти телевизиони давлатӣ ҳамеша вуҷуди "рӯйхати сиёҳ"-и овозхонҳоеро рад кардаанд, ки намоиши онҳо аз пардаи телевизион манъ аст.

Шабнами Сурайё

Ин дар ҳолест, ки ҳар як ҳунарнамоии ӯ дар берун аз Тоҷикистон – чӣ аз саҳнаҳои баланди консерту телевизионҳои мусиқӣ ва чӣ дар маросими тӯю арӯсии форсизабонон дар Ню-Йорк ё Самарқанду Бухоро ҳамчун саҳми дигаре барои боло бурдани обрӯи кишвар арзёбӣ меавад.

Худи Шабнам дар ин замина соли 2009 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд: "Ростӣ, бисёр хурсанд ҳастам ва ифтихор дорам, ки ҳамчун як духтари тоҷик дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ мекунам." Ӯ он замон таъкид кард, ки афзоиши сафарҳои ҳунарии ӯ ба хориҷа барои шинохти беҳтари касбу ҳунар, рушди он ва омӯзиши тамоюлҳои мусиқии замонавӣ дар ғарбу Аврупо ва ҷаҳони форсизабон мусоидат мекунад.

Ба суоли ин ки дар шоу-бизнеси Тоҷикистон чиро тағйир медод, ӯ он замон чунин посух дод: "Агар ман чунин имкон медоштам, пеш аз ҳама техникаро тағйир медодам. Албатта, ҳоло дар ин самт дар Тоҷикистон беҳбудиҳо ҳаст. Вақте дар хориҷа консерт баргузор мекардам, бисёриҳо аз сифати оҳангҳо дар ҳайрат мешуданд. Вале бояд техникаро боз ҳам навтару замонавӣ кард."

Шоираи Раҳимҷон

Шоираи Раҳимҷон, муаллифи матнҳои таронаҳои пуртарафдори "Сояҳо", "Биханд, душман", "Ту бирав, санги ғурурӣ" ва дигарон аст, ки Шабнам иҷро кардааст.

Ӯ мегӯяд, Шабнам як ҳунарманди қолабшикан аст ва "ҳар нафари қолабшикан зуд дар ёдҳо мемонад. Шабнам ҳам вақте рӯйи саҳна омад, ҳангоми иҷрои суруд рақс кард. Ё вақте як рӯз бо гӯшворе ё пироҳане рӯи саҳна омад, рӯзи дигараш дар миёни ҳама бонувон муд мешавад. Ин вижагии як ҳунарманд, як инсонро нишон медиҳад. Шабнам вораста аст, озодандеш аст, ҳар чи ки дилаш мехоҳад, онро мекунад, ҳарчанд гоҳе ба худ иҷоза медиҳад, ки як либосе ба бар кунад, ки умуман хоси як зани шарқӣ нест. Вале шахсан аз миёни тамоми ҳунармандони зан дар Тоҷикистон аз тамошои шаклу сурату ишораи дасту эҳсосҳои нозанине, ки дар рӯи саҳна нишон медиҳад, хушам меояд." Шоираи Раҳимҷон мегӯяд, Шабнам тавони муаррифии ҳунарашро бо риояи "меъёрҳои ҷаҳонӣ дорад".

Нобовар Чаноров, овозхони гурӯҳи "Шамс" ва Шабнам соли 2015 бори аввал таронаеро ба забони шуғнӣ бо номи "Дил-дил кинум" иҷро кард, ки дар фурсати кӯтоҳ шинохта шуд. Нобовар Шабнамро як "овозхони ҷасур" меномад, ки дар иҷрои оҳанг ҳамеша рӯ ба таҷрибаву кори наве овардааст.

"Дар эҷодиёт нотарсона амал мекунад. Ҳар чизе, ки дилаш хост, онро роҳат иҷро мекунад. Ба саҳна ҳам нотарсона мебарояд. Либос ё шеваи ҳунарнамоӣ дар саҳна ҳам ҷасорат мехоҳад", -- мегӯяд Чаноров. Ӯ афзуд, Шабнам аз эксперимент ё таҷриба кардани кору шеваи нави тақдим ҳарос надорад ва "гапи худро мегӯяд".

"Аз эксперимент наметарсад"

Баъзе аз мусиқишиносон таъкид мекунанд, ки талоши Шабнам барои рушду пешрафт дар шеваи ҳунарнамоиҳову интихоби мусиқиаш бармало дида мешавад. Агар ӯ оғози солҳои 2000-ум бештар бо шеваи қабулшудаи иҷрои тарона рӯйи саҳна омад, дар беш аз 20 соли охир хеле тағйир кард ва тақрибан дар ҳама жанрҳои мусиқӣ – то репу ҳип-ҳоп ба забони тоҷикӣ тарона хонд.

Нобовар Чаноров

Нобовар Чаноров мегӯяд, аз он нороҳат мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе аз шореҳон бо лафзи қабеҳу бадахлоқона дар бораи кору ҳунари Шабнам назар медиҳанд. Ин чиз, мегӯяд ӯ, ғайри қобили қабул аст ва "Шабнам дар асл як духтари хоксору хушахлоқ аст, инсони комил аст ва вақте ҳунарманд дар саҳна кореро анҷом медиҳад, ин кори ҳунарӣ аст, инро бояд дарк кард."

Баъзе аз мунаққидон мегӯяд, чунин ба назар мерасад, ки Шабнами Сурайё солҳои охир аз эҷоди таронаҳои ноби сохташудаи шоиру оҳангсозони касбӣ дурӣ ҷуста, ба иҷрои ремикс ё оҳангҳои маъруфи хонандаҳои дигар саргарм аст. Ба андешаи Шоира Раҳимҷон, ки мегӯяд, як сол зиёд шуд бо Шабнам ҳамкории эҷодӣ надоштаанд, “ин ҳам тақозои замон аст”.

Ӯ аз ин чиз изҳори таассуф кард ва гуфт: "Хуб мешуд, агар Шабнамҷон, агар ин лаҳзаҳо садои маро мешунавад, баргардад ба ин ки воқеан ҳам худи худашро бисозад. Таронаҳои навини ором, дар баробари таронаҳои рақсӣ дар эҷодиёти Шабнамҷон намерасанд." Шоираи Раҳимҷон афзуд, таманнои онро дорад, ки дар оянда “кош, дубора ба иҷрои таронаҳои ҷонӣ, таронаҳое, ки аз ҷонаш ба дар меоянду махсус барои ӯ суруда мешаванд, баргардад”.

Мақомот се сол пеш Шабнами Сурайёро дар рӯйхати овозхонҳое нашр карданд, ки аз андоз ё молиёт қарздор ҳастанд. Вале наздикони ин овозхон ин чизро рад карда, гуфтанд, "Шабнам ҳама вақт талош мекунад, маблағи андозашро аз рӯи патент супорад."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Бемории ҳамагир тӯю маъракаҳоро ба таъхир андохт. Овозхонҳои тоҷик чӣ кор мекунанд? САДОШабнами Сурайё ва Нигина Амонқулова – маҳбубтарин овозхонҳои соли 2018 Шабнами Сурайё: Ягон кӯдаки ятиму маъюбро сари роҳ нагузоред. ВИДЕОШабнами Сурайё дар Ню-Йорк: "Алайҳи сил мубориза мебарам". ВИДЕОШабнами Сурайё: Ман андозро супурдаам