Дар Тоҷикистон 10-уми ноябр ҳамчун "Рӯзи милитсия" ҷашн гирифта мешавад. Радиои Озодӣ тасмим гирифт, дар бораи нигоҳи мардум ба ин ниҳоди муҳими давлатӣ бинависад. Мизони бовари мардум ба милитсия чӣ қадар аст ва чаро то ҳанӯз дар ин низом ислоҳоти муваффақе анҷом нашудааст?
Яке дар миёни ҷамъ
Ҷамшед Ҷумъазода, сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, моҳи октябри соли 2021 бо гуноҳи куштани ҳамсояи худ ба 23 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ ба гуноҳи худ иқрор нашуд ва изҳор дошт, ки онро зери шиканҷа эътироф кард.
"Маро бо барқ шиканҷа карданд ва маҷбур шудам, ба гуноҳ эътироф кунам. Шиканҷа маъмулан пас аз соати 10-и шаб анҷом мешуд. Мехостам, пас аз озодӣ аз ин шиканҷаҳо ба ВКД хабар расонам," -- гуфт Ҷамшед Ҷумъазода дар додгоҳ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: “Бо барқ шиканҷа карданд, гуноҳро ба гардан гирифтам.” ВИДЕОБо вуҷуди он ки шоҳиди қатл ва ҷониби ҷабрдида исрор доштанд, Ҷумъазода дар қатл даст надорад ва бар хилофи шаҳодати вай дар мавриди шиканҷа шуданаш, додгоҳ ӯро гунаҳкор донист.
Дар тӯли солҳои истиқлол милитсияи тоҷик обрӯву ҳайсияти баҳсбарангезе касб кард. Аз як сӯ ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷиноятҳоро ба суръат фош мекарданд, аз сӯи дигар шикоятҳо дар мавриди шиканҷа, таҳқиқоти ноодилона, фасод ва нобоварӣ бештар шуданд.
Ҳукумат соли 2019 дар пайи ислоҳоти қонунӣ ҷазои гунаҳкорони шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро сахт кард. Агар қаблан барои шиканҷа аз 20 то 50 ҳазор сомонӣ (аз то 2 то 5 ҳазор доллар) ҷарима ё аз 2 то 5 сол зиндон пешбинӣ мешуд, мутобиқ ба қонунгузории нав чунин шахсонро аз 2 то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Заданд, кӯфтанд, ба барқ мондаву ҷонамро ба лаб оварданд." Номаи Пирмуҳаммадзода аз Боздоштгоҳ. ВИДЕОИслоҳот барои даҳсолаҳо
Роҳбарияти ВКД, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ аз соли 2010 боз барои ислоҳот дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ талош меварзанд. Тибқи ҳадаф ва вазифаҳои ин ислоҳот на танҳо номи ниҳод аз “милитсия” ба “пулис” иваз мешуд, балки сифати муносибати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум низ бояд ба сатҳи нав боло мерафт.
Ҳукумат он замон эълом дошт, ки “ислоҳот бо ҳадафи эҷоди як тасвири куллан нав дар афкори умумӣ анҷом мешавад.” Мақсади асосии ислоҳот боло бурдани сатҳи ҳирфаии посбонони ҳуқуқ, мубориза бо фасод дар сафи онҳо, аз байн бурдани шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо боздоштшудаҳо гуфта мешуд.
Нигоҳҳои гуногун ба ислоҳот
Аммо, то имрӯз натиҷаи матлубе ба даст наомадааст. Коршиносон набудани муваффақият дар ислоҳотро ба интизориҳои хоси тарафҳои дахил рабт медиҳанд, ки дар баъзе аз ҷойҳо бо ҳам дар тазод ба назар мерасанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Саволҳои беҷавоби барномаи ислоҳоти милиса ба полис“Зери мафҳуми ислоҳот наздик кардани ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ бо мардум фаҳмида мешавад, ки кори милитсия шаффоф шуда, ин ниҳод на ҳамчун як мақоми саркӯбгар, балки, масалан, ҳамчун беморхона дар хидмати мардум бошад. Аммо дар низоми феълӣ ҳадафи мақомоти қудратӣ бештар ҳифзи ҳукумат аст. Ғайр аз ин, ба далели нобасомонии вазъияти молӣ онҳо дар бештари маврид бо истифода аз салоҳияти худ ба пайдо кардани пул даст мезананд”, -- мегӯяд коршиноси машғул бо ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ, ҳадафи кумаккунандагони байнулмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тағйир додани рафтори кормандони қудратӣ ва риоят шудани ҳуқуқи инсон аст, аммо худи мақомот бештар ба тавсеаи зерсохторҳо бо ҳазинаи созмонҳои байнулмилалӣ алоқаманданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 14-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, баъзе аз кумаккунандагон, ки бояд ислоҳоти милитсияро дастгирӣ мекарданд, масъулияти худро “тибқи шартнома” иҷро накарданд. Аз ҷумла, масъалаи тағйири либоси замони Шӯравӣ ҳалношуда монд. “Мутаассифона, САҲА, ки тибқи шартнома масъулиятҳоеро, ки ба дӯш гирифт, анҷом надод”, --изҳор дошт Раҳимзода.
Харҷи пул барои ислоҳот
Стратегияи ислоҳоти милитсия соли 2013 тасвиб шуд ва қарор буд дар соли 2020 бо интиқоли ниҳоӣ аз милитсия ба пулис анҷом меёфт. Созмонҳои байналмилалие ба монанди САҲА ва Safeworld, ки фаъолияти он моҳи майи соли 2021 қатъ шуд, ба раванди иҷроӣ шудани ин стратегия ҷалб шуданд.
Тибқи омори расмӣ аз соли 2012 то 2019 барои ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон аз буҷаи давлат бештар аз 1 миллиард сомонӣ харҷ шудааст. Афзун бар ин, созмонҳои байнулмилалӣ низ 329 миллион сомонӣ ба ин раванд кумак кардаанд. Ба қавли вазири ВКД ин маблағ барои беҳбуд бахшидани шароити кори милитсия, таъмин кардани фанновариҳои компютерӣ, нақлиёт ва ғайра ба масраф расидааст. Бо ин маблағ сохтмони идораҳои милитсия дар ноҳияҳо ва инчунин Академияи ВКД бунёд шудааст.
Назари сокинон рӯзи 8-уми ноябри 2022 дар Душанбе гирдоварӣ шуд:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Моҳи июни имсол барномаи ислоҳот то соли 2021 тамдид шуд. Қарор аст, барои амалӣ намудани ин барнома 182 миллион сомонӣ масраф шавад, ки 18 миллиони он аз буҷаи давлат ва 164 миллиони дигар аз ҳисоби созмонҳои байнулмилалӣ таъмин шавад.
Назари расмии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати амалӣ шудани ислоҳотҳо маълум нест. Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари расмӣ то замони нашри ин матлаб номуваффақ анҷом ёфтанд.
Баҳогузории ислоҳот
Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқ, таъкид меварзад, ки дар умум фаъолияти милитсия воқеиятҳои низоми сиёсии феълиро инъикос мекунад. “Барои анҷом додани ислоҳот шароити моддӣ ва фаннӣ, манобеи инсонӣ, иродаи сиёсӣ ва сойири омилҳои зеҳнӣ ва айнӣ вуҷуд надорад”, -- мегӯяд Ҳакимов.
Ба гуфтаи ӯ ҳанӯз ба далели шиканҷаҳои пай дар пай, бераҳмӣ ва суистифода аз мақом боварии мардум ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ мушоҳида намешавад. “Бо таассуф, кормандони милитсия аз замонат ва даромадҳои лозимии иҷтимоӣ бархурдор нестанд. Аз ин рӯ, вазифаи қонунии худро ба манбаи даромад табдил медиҳанд.”
Муслим Бӯриев, таҳлилгари мустақил, мегӯяд, иқдомоти зарурӣ дар ростои иҷроӣ кардани ислоҳоти қаблӣ дар марҳилаи охир анҷом шудааст. Ӯ ба набудани корзори иттилоърасонӣ ба мардум дар ин замина ишора мекунад.
“Иттилоъ танҳо дар сомонаи ВКД нашр мешавад. Барои мардум бовар кардан ба мақомот муҳим аст, аммо мушаххас нест, ки оё онҳо аз ислоҳоти анҷомшуда хабардор ҳастанд ё не. То ҳанӯз маълум нест, ки марказҳои кор бо аҳолӣ чӣ тавр фаъолият мекунанд. Тамаркуз ба ҳуқуқи инсон дар доираи ислоҳоти мазкур суст аст ва танҳо ба баргузории давраҳои омӯзишӣ барои кормандони милитсия хулоса мешавад. Дар ҳоле, ки ба механизми возеҳ барои амал кардан ниёз аст”, -таъкид мекунад коршинос.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз даҳҳо шуъба иборат аст. Маълумот дар бораи шумораи умумии хидматчиён дар ин вазорат нашр нашудааст. То пошхӯрии давлати Шӯравӣ дар кишвар тақрибан 11 ҳазор кас кор мекарданд. Дар солҳои истиқлол, ба гуфтаи коршиносон, теъдоди онҳо ба маротиб афзоиш ёфтааст.