Иёлоти Муттаҳида дигарбора ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид кард. Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, рӯзи 17-уми ноябр дар изҳороте гуфт, Тоҷикистон дар қатори Бирма, Чину Эрон, Покистон, Русия ва Саудӣ дар феҳрасти "кишварҳои мавриди нигаронии хос" ҷой дорад. Ин ҳукуматҳо, ба гуфтаи ӯ, дар "вайронкуниҳои давомдор ва дағалонаи озодиҳои динӣ" даст доранд.
Амрико аз нав ҳукумати Тоҷикистонро танқид кард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Амрико аз нав ҳукумати Тоҷикистонро барои "вайронкуниҳои давомдор ва дағалонаи озодиҳои динӣ" танқид кард.