Чоршанбе Чоршанбиев ба ҷавобгарӣ кашида шуд

Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, дар Маскав Чоршанбе Чоршанбиев - як блогер ва размкори якҳарбаи бидуни қоида ваё ММА боздошт шуд. Ӯро барои ҳаракати босуръат ва бидуни риояи қонун дар нақби Лефортовои шаҳри Маскав ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кардаанд. Дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав мегӯяд, Чоршанбиев дар бозпурсӣ эътироф кардааст, ки гоҳо сари чанбари мошин нишаста қоидаҳоро вайрон мекард. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан сабти навори ҳаракати босуръати ӯ аз нақби Лефортоворо яке аз бародаронаш дар интернет ҷой додааст ва ин ҳодиса тобистон сабт шудааст. Ӯ гуфтааст, ки сари чанбари мошин сабт намекард ва шахсан худаш ҳеҷ навоерро ба интернет ҷой надода буд. Полис мошини "Тойота Камри"-и Чоршанбиевро дар як таваққуфгоҳи ҷаримавӣ ҷой дода, худи ӯро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид. Чоршанбиев 26 сол дошта, дар Маскав бо муҳорибаҳои бидуни қоида машғул аст.