Вазири кишоварзии Қазоқистон рӯзи 16-уми апрели имсол фармонеро имзо кард, ки тибқи он барои содироти гандум ва орд квота ҷорӣ шудааст. Ин фармон дастикам то нимаи моҳи июни имсол амал хоҳад кард.
То замони манъи содироти ғалла аз Русия, фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли орду гандуми Қазоқистон тибқи нақшаи муайяншуда пеш мерафт. Онҳо маҳсулоти арзонро аз Русия харида, гандуми нисбатан гарони худро ба кишварҳои дигар содир мекарданд.
Аз 15-уми марти имсол вазъ дигар шуд. Корхонаҳои истеҳсоли орд қариб дар тамоми Қазоқистон, махсусан дар минтақаҳои ҳаммарз бо Русия, аз кор монданд. Вазорати кишоварзии Қазоқистон мегӯяд, ба қадри кофӣ захираи ғалла доранд ва кишварро камбуди орду гандум таҳдид намекунад.
Айдарбек Сапаров, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон, гуфт, “чанд мақола дар бораи аз кор мондани корхонаҳои истеҳсоли орд нашр шуд. Дар ин маврид камбуде вуҷуд надорад. Кишвар ба қадри кофӣ гандум дорад.”
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон, то якуми апрел дар ин кишвар 6,4 миллион тонна ғалла захира шуда, “ин миқдор гандум ҳам барои бозори дохилӣ ва ҳам барои содирот ба кишварҳои дигар кофӣ будааст”. Мақомот ҳамзамон истеҳсолкунандагони ордро гунаҳгор мекунанд, ки бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи бештар маҳсулотро барои фурӯхтан ба хориҷа нигоҳ медоранд. Ба ин далел содироти гандум аз Қазоқистон ба берун маҳдуд шудааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Алмабек Марс, раиси Кумитаи давлатии назорат дар соҳаи саноати кишоварзӣ, мегӯяд, “ин як нархи таърихӣ ва ҳадди аксар барои истеҳсолкунандагони орду гандуми мо аст, ки метавонанд маҳсулоташонро фурӯшанд. Аз сӯйи дигар, манфиати мардум ва масъалаи амният аст. Инҷо мо бояд як миёнаи тиллоиро пайдо кунем ва миқдори барои худамон заруриро муайян карда, нигоҳ дорем.”
Моликони корхонаҳои истеҳсоли орду гандум таъкид мекунанд, ки бе маҳсулот мондаанд. Дар Иттифоқи ғаллакорон бар ин боваранд, ки содироти ғалла пурра манъ карда шавад.
Онҳо ҳамчунин ба Вазорати кишоварзии Қазоқистон тавсия медиҳанд, ки миқдори гандуми захирашударо арзёбӣ ва муайян кунанд. Ба ақидаи онҳо, маълумоти пешниҳодшуда дар бораи 6,5 миллион тонна гандум метавонад нодуруст бошад.
“Мо медонем, ки изофанависӣ зиёд аст. Ин як далели ба ҳама маълум ҳангоми ҷамъоварии ҳосил аст. Норасоӣ ҳаст. Бинобар ин, гуфтем, бояд захираи боқимондаро ҳисоб кунем ва танҳо пас аз он метавонем ба пеш ҳаракат кунем,” – мегӯяд Алихон Талғатбек, намояндаи Иттифоқи ғаллакорони Қазоқистон.
Дар Вазорати кишоварзии Қазоқистон таъкид мекунанд, ки нархи нон дар ин кишвар боло нахоҳад рафт, давлат барои нигоҳ доштани нарх субсидия ё мадад хоҳад кард. Вале маҳдуд кардани содироти орду гандум ба кишварҳои ҳамсоя, ки аз орди Қазоқистон вобастаанд, сахт таъсир хоҳад кард. Тоҷикистон яке аз харидорони асосии орду гандуми Қазоқистон аст.