Тарзи нишастани Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ҳангоми суҳбат бо вазири дифои кишвараш Сергей Шойгу баҳсҳоеро дар бораи вазъи саломати ӯ барпо кардааст.
Онҳо рӯзи 21-уми апрел дар бораи Мариупол суҳбат доштанд, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба нишастани ғайримуқаррарии Путин таваҷҷуҳ карданд.
Ҳамчунин аксарият пурсидаанд, ки чаро президенти Русия дар тӯли суҳбат бо панҷаҳояш мизро нигоҳ медошт. Дастони зоҳиран варамидаи Путин ҳам аз чашми мардум дур намондааст.
Баъзе расонаҳо навиштанд, ки ӯро пизишкон ҳамроҳӣ доранд. Мақомоти Русия вазъро шарҳ надодаанд.
Наворро бо забони русӣ дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад