Парвози парандагони ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, "ба самти нобудӣ"

Акс аз бойгонӣ

Бино ба як гузориши нави байнулмилалӣ, саршумори нисфе аз парандагон дар ҷаҳон кам шуда, маҳз одамон яке аз сабабҳои нобудии тадриҷии паррандагон ва ба “бало” гирифтор шудани табиат ҳастанд. Парандагони зебои Тоҷикистон ҳам аз ин раванд дар канор намондаанд ва садояшону лонаҳояшон дар гӯшаҳои гуногуни кишвар дар муқоиса ба солҳои гузашта камтар шунидаву дида мешаванд.

Сабабҳои маҳви болдорони ҷаҳон

Дар гузориши "Вазъи парандагони ҷаҳон", ки ҳар чаҳор сол як бор нашр мешавад, ба тақдири паррандагон дар саросари ҷаҳон назар меандозанд. Муаллифони гузориш аз созмони "BirdLife International" мегӯянд: "Аз ҳар 8 навъи парандагон дар ҷаҳон ба яке аз онҳо хатари нобудӣ таҳдид мекунад, вазъияти парандагон дар ҷаҳон ҳамчунон бадтар мешавад ва баъзе аз навъҳои онон бо суръати тезтаре ба самти нобудӣ ҳаракат доранд."

Муаллифони гузориш бо истифода аз омори Иттиҳодияи Байналмилалии Ҳифозат аз Табиат гуфтаанд, саршумори 49 дар сади навъҳои парандагон дар ҷаҳон рӯ ба коҳиш овардааст ва аз ҷумла он парандагоне, ки нодир нестанд ва ҷонашон ҳам дар хатар нест. Дар умум ба ҷони 13 дар сади парандагони ҷаҳон хатари нобудӣ таҳдид мекардааст.

“BirdLife International”, ки даҳсолаҳо боз омори парандагонро дар ҷаҳон ҷамъ меорад, гуфтааст, дар муқоиса ба соли 1970 ҳоло дар Амрикои Шимолӣ 2 миллиарду 900 миллион паранда камтар вуҷуд дорад, ки коҳиши 29 дар садиро нишон медиҳад. Дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Аврупо теъдоди парандагон аз соли 1980 то кунун 18 дар сад ва ё 600 миллион адад кам шудааст.

Сабабҳои маҳви болдорони ҷаҳон, кишоварзии беназм, шикори ғайриқонунӣ, истифодаи беш аз ҳадди манобеи табиӣ ва тағйири иқлим будааст. Аммо ба бисёре аз ин парандагон хатарҳое таҳдид мекунад, ки инсонҳо ба вуҷуд меоранд. Дар гузориш омадааст: “Табиат ба бало гирифтор шудааст. Амалҳои инсон парандагонро бо суръат ба самти нобудӣ ва муҳити зистро зери хатар мебарад, ки барои бақои худи мо муҳим аст.”

Чаро баъзе парандаҳо аз Душанбе "кӯч" бастанд?

Хатар на танҳо ба ҷони парандагони муҳоҷир, балки парандагони муқимӣ таҳдид мекардааст. Бино ба таҳқиқоти олимони тоҷик, аз замони Шӯравӣ то замони истиқлол дар кишвар бештар аз 345 навъ ва хонаводаи парандагон сабт шудааст.

Яке аз далели ба самти нобудӣ “парвоз” кардани парандагони Тоҷикистон ворид кардани теъдоди бештари онҳо ба Китоби сурхи кишвар аст. Дар ин китоби нашри соли 2015-ум 6 навъи дигари парандаро изофа карданд ва ҳамингуна шикори 43 навъи болдорони беозор ва дар вартаи нобудӣ дар кишвар манъ шуд. Дар Китоби сурхи нашри соли 2009 фақат 37 навъи паррандаи бақояшон дар хатар шомил шуда буд.

Хурсанд Талбонов, донишманди тоҷик, ки зиндагиву аҳволи паррандагони Тоҷикистонро меомӯзад, дар як таҳқиқе доир ба анвои парандагон дар Душанбе ва атрофи он бори аввал 279 навъи онҳоро гирд овардааст ва мегӯяд, маълум шуд, ки дар ин ҳавза “таркиби навъҳои парандагон дар муқоиса ба 70 соли пеш бисёр кам шудааст.”

Ба навиштаи ӯ, танг кардани муҳити зисти парандагон, васеътар шудани Душанбе, хонасозӣ дар атрофи он, аз байн рафтани дарахтону буттазорон аз сабабҳои ба ҷойҳои амн гурехтани парандагоне шудааст, ки қаблан пойтахти Тоҷикистону атрофи онро макони зист ихтиёр карда буданд ва ё дарахтону бомҳои онро барои лонасозӣ “иҷора” мегирифтанд.

Хурсанд Талбонов бо такя ба адабиёти илмӣ дар бораи олами парандагони Тоҷикистон навиштааст: "Тазарви тоҷикиро на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар тамоми водии Ҳисор маҳв кардаанд. Солҳои ахир, пас аз шомил кардани он ба Китоби сурх ва андешидани чораҳои муҳофизатӣ, иттилооти зиёде дар бораи лонагузории онҳо дар водии Ҳисор дида мешавад. Акнун онҳоро метавон дар 10-километрии ҷануби Душанбе дар соҳилҳои рӯди Кофарниҳон мушоҳида кард."

Аҳдномае, ки ниҳоӣ нашудааст

Айни замон ба навиштаи табиатшиноси тоҷик, Душанберо бештар аз ҳама гунҷишкшаклон ва кабутарон хона интихоб кардаанд, ки аз инсонҳо камтар метарсанд ва дар ҳар ҷойи муносиб ва андаке дастнорас лона мегузоранд.

Бар асоси ин таҳқиқи ӯ аз соли 2019 теъдоди гунҷишкон дар Душанбе тақрибан 165 ҳазор сар ва кабутарон 43 ҳазор сар будаанд. Хурсанд Талбонов навиштааст, ки барои ҳифзи парандагони дар ҳоли нобудӣ дар Тоҷикистон бояд муҳофизати онҳоро сахттар кард ва нагузошт, лонаҳояшонро вайрон кунанд.

Созмони "Birdlife International" ҳам аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, барои ҳифзи олами парандагон муҳофизати мамнуъгоҳҳоро дурусттар кунанд ва муҳити зисти онҳоро барқарор намоянд. Қарор аст, моҳи декабри имсол, намояндагони кишварҳои ҷаҳон бо ибтикори Созмони Милал дар як нишасте ҷамъ омада, аҳдномаи байнулмилалиро дар бораи монеъ шудан ба вайронии олами набототу ҳайвонот ниҳоӣ кунанд.

Патрисиа Зурита, мудири "BirdLife International" гуфтааст, ин аҳднома "беҳтарин фурсат ва ё шояд охирин имкони инсоният барои манъи нобудии табиат бошад." Табиате, ки бақои инсоният ба он вобаста аст.