"Чистона биёвен", "Роиш кн"... Блогерони тоҷик дар Инстаграму ТикТок ба чӣ машғуланд?

Акс аз бойгонӣ

Ҷовид Сулаймонӣ, рӯзноманигор

Бидуни шак, блогерӣ имрӯзҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон ривоҷ ёфта, соҳаи ба қавле “машҳур” аст. Ба он бештар ҷавонон мегароянд. Фазои Инстаграм, ТикТок ва Ютуби “тоҷикӣ” пур аз саҳифаҳои блогеру пранкер ва вайнерҳо аст.

Мутаассифона, шинохти блогерон аз тарафи мухотабон (аудитория)-и онҳо дар Тоҷикистон комилан нодуруст аст. Блогерони мо аксаран аз миёни ширинкорону ровиён, моделҳо ва сарояндаҳоянд. Ҳамин тариқ, ҳар касеро, ки дар саҳифаи худ обуначии зиёд дорад ва ба пахши аксу навор ва гузоштани реклама машғул аст, блогер меноманд.

Дар мавриди шинохти блогер бе ягон муқаррароти қонунӣ ҳаминро метавон гуфт, ки ӯ соҳиби сомона ё саҳифаи махсус дар Интернет (шабакаҳои иҷтимоӣ) аст ва фаъолияташ аз рӯйи мавзӯи хос ба аудиторияи хос равона шудааст.

Боздошти чанд рӯзноманигору блогери тоҷик – Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Хушом Ғулом – ба блогерии онҳо рабт мегирад.

Гузашта аз ҳар ҷурме, ки ин рӯзноманигорон гумонбар мешаванд, мардум ба дарки ин расидааст, ки маҳз озодандешии онҳо дар фазои Интернет сабабгори хашми мақомот гардидааст.

Ин рӯзноманигорон дар асоси принсипҳои фаъолияти журналистӣ ба блогерӣ машғул буданд. Барои мисол, Далери Имомалӣ аз мавқеи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, бо нишон додани шаҳодатномаи узвияти ин созмони эҷодӣ, кор мекард.

Завқибек ва Абдусаттор ҳам дар гузашта журналист буданд. Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ фаъолияти журналистӣ дошт. Аммо озодии баён барои ҳама шакли фаъолият баробар аст ва саркӯби блогеронро бидуни шак мешавад саркӯби озодии баён биномем.

Фаъолияти блогерҳои тоҷик бештар мавзуъҳои ахлоқӣ, динӣ, ҳаҷвӣ, хайрия ва тиҷорату таблиғро фаро мегирад. Онҳо инчунин воситаи дастгирии беморон ва ниёзмандон ҳастанд.

Хавфи асосии мақомоти Тоҷикистон аз кори блогерон ба масоили ахлоқӣ ва амниятӣ рабт мегирад. Ҷазои маъмурӣ ба сароянда ва пранкер Шаҳриёр Давлатов, блогерон Рустам Ашӯров, Беҳрӯз Шарифов, Усмонҷон Мирзомуродов низ сари масоили ахлоқӣ буд.

Ҳабси Чоршанбе Чоршанбиев ва Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба “Абдураҳмон-09” хусусияти амниятӣ доранд. Дар ҳама маврид мақомоти Тоҷикистон дар баҳсҳои ҳуқуқӣ бо блогерон дастболо буда, ҳеч навъ пазириш ва эътирофе ба блогерҳо нишон надодаанд.

Блогерӣ то чанд вақт пеш, бахусус то замони ҷанги Русия дар Украина, соҳаи сердаромад дониста мешуд. Даромади асосии блогерҳои тоҷик аз таблиғ ва тамошои видеоҳояшон дар Ютуб аст.

Соли гузашта Кумитаи андози Тоҷикистон аз як гурӯҳ блогерҳо хост, то аз манбаъҳои даромади худ гузориш диҳанд. Ҳамин тариқ, бинобар иттилои Кумитаи андоз, блогерҳо субъектҳои соҳибкорӣ маҳсуб ёфта, дар соҳаи тиҷорати электронӣ фаъолият мекунанд.

Ҷойи пӯшида нест, ки як қисми блогерҳои мо ба нашри маводи холӣ аз маънӣ низ машғуланд. Баъзе аз ибораҳое монанди “чистона биёвен”, “роиш кн”, “хитса кн” (дарк бикун), “хмонский” (худӣ) ва “гапу чап” маҳз сохта ва бофтаи онҳост.

Бо назардошти истифодаи васеъ аз шабакаҳои иҷтимоӣ блогерон ҷузъе аз зиндагии мардум шудаанд ва ин падидаро ба ҳеч ваҷҳ намешавад инкор кард. Фикр мекунам, порлумони кишварро мебояд, барои муайян кардани муқаррарот ва муносиботи ҳуқуқӣ ин навъи фаъолияти ҷамъиятиро биомӯзад ва ба кори блогерҳо танзими қонунӣ бидиҳад.

Шояд баъзеҳо бар онанд, ки қабули ин гуна қонун озодиҳои блогерҳоро маҳдуд мекунад, вале дар ҳар ҷомеаи ҳуқуқбунёд барои ба танзим даровардани ҳар навъ фаъолият қабули қонун шарти аслӣ аст.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.