"Ба мо китоб фиристед." Дархости мактабҳои тоҷикии Қазоқистон. ВИДЕО

Китобхонаи яке аз мактабҳои тоҷикӣ дар Қазоқистон

Масъулони мактабҳои тоҷикӣ дар Қазоқистон аз нарасидани китобҳои дарсӣ шикоят доранд. Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар китобхонаи ин мактабҳо ёфтани адабиёти тоҷикӣ мушкил аст. Мақомоти Тоҷикистон пештар гуфта буданд, барои мактабҳои тоҷикии Қазоқистон китоб мефиристанд.

Дар маҳаллаи Фирдавсии ноҳияи Мақтаарали Қазоқистон мактаби тоҷикии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷойгир аст. Дар ин мактаб қариб 900 нафар бо забони тоҷикӣ ва қазоқӣ дарс мехонанд.

Абдурауф Файзиев, муаллими синфҳои ибтидоӣ аст. Ӯ соли 2007 бо квотаи Тоҷикистон дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе хонда, ба инҷо баргашт. Ҳоло низ аз тарафи Вазорати маорифи Тоҷикистон барои тоҷикони Қазоқистон чунин квотаҳо ҷудо мешавад.

Ин омӯзгор аз маош ва шароити кораш розист. Мегӯяд, танҳо як мушкилӣ дорад ва он ҳам нарасидани китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ аст.

"Китоб намерасад, бахусус барои хонандагони синфҳои поёнӣ. Мо чанд дафъа дархост додем, то ҳол ҷавобаш наомадааст. Соли 2020 дар вақти омдани сел бисёре аз китобҳоро об бурд. Баъди он камбудии китоб зиёдтар шуд. Хоҳиш мекунем, ки китобҳо дастрас шавад," -- гуфт ин омӯзгор.

Яке аз мактабҳои тоҷикӣ дар Қазоқистон

Камбуди китоб танҳо хоси мактаби ба номи Фирдавсӣ нест. Аксар мактабҳои тоҷикӣ дар Қазоқистон ҳамин мушкилро доранд.

Аз ҷумла, дар мактаби ба номи Мирзо Турсунзода нарасидани китобҳо бо забони тоҷикӣ баръало мушоҳида мешаванд. Дар китобхонаи ин мактабе, ки ба номи Мирзо Турсунзода гузошта шудааст, ягон китоби ин шоири тоҷик ёфт намешавад.

Мактаби ба номи Фирдавсӣ дар Қазоқистон

Солҳои пеш аз Тоҷикистон барои мактабҳои тоҷикӣ китоб мефиристоданд. Соли 2013 Вазорати маорифи Қазоқистон барои нашри китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ пул ҷудо кард. Ин китобҳо аз рӯи барномаи таълимии Вазорати маорифи Қазоқистон ба забони тоҷикӣ баргардон шудаанд, аммо ин китобҳо зоҳиран талаботи омӯзгоронро қонеъ намекунанд.

Аз ин бадтар, дар китобхонаҳо адабиёти бадеӣ бо забони тоҷикӣ қариб намондааст. Дар иваз садҳо намуд китоб бо забони қазоқӣ дар рафи китобхонаҳо хобидааст.

Абдурофеъ Султонов, китобдори мактаби ба номи Фирдавсӣ мегӯяд, аксари китобҳое, ки аз шоирони тоҷик мондааст куҳна ҳастанд. "Хоҳишамон ин аст, ки китоби дарсӣ аст ва ё бадеӣ барои мо расонанд. Хонандагони мо бояд аз таърихи гузаштаи худ бохабар бошанд,” -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Қазоқистон 12 мактаби тоҷикӣ дорад. Ин мактабҳо асосан дар вилояти Туркистон, дар ҷануби Қазоқистон, ҷойгиранд.

Раҳбарони Маркази фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон гуфтанд, аз масъала огоҳанд ва ҷониби Тоҷикистонро дар ҷараён гузоштаанд. Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтааст, ҳамасола барои мактабҳои тоҷикӣ дар Қазоқистон китоб мефиристад, аммо теъдоди китобҳо расонаӣ нашудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Камбуди китоби дарсӣ дар мактабҳои тоҷикии Қазоқистон